tobiston
Зани муваққатӣ (ҚИСМИ 10)
502

То ҳомила шуданаш Лутфия кӯшиш мекард, ки бо Азиз муносибаташро хуб кунад. Аммо баъди ҳомила шудан ба Азиз рӯирост гуфт, ки «ту замоне маро зани муваққтӣ гуфта, аз ҳаётат хат зада будӣ, акнун ман ҳам қасосамро ситонидам, ту барои фарзанддор шудани ман даркор будиву халос, акнун ба ту ҷавоб».

- Чиҳо мегӯӣ? Ту зан ҳастӣ ва набояд мисли мардҳо сухан гӯйӣ.

- Чӣ, мардҳо шоху дум доранд? Дар ҳар хатои содиркардаи зан гуноҳи мард ҳаст. Шумо мардҳо занҳоро ба ҷинояту бадномӣ тела медиҳед. Ба ту ҳамон вақт гуфта будам, ки дар шикамам дугоник дорам. Дод зада гуфтӣ, ки исқоти ҳамл кунам. Ин суханони бераҳмонаи ту то ин лаҳза дар гӯшҳои ман садо медиҳанд. Мефаҳмӣ? Эҳ Азиз, ту чаро бо қалби беозори ман чунин найрангбозӣ кардӣ?

- Лутфия, ман ҷазоямро дидам. Ҳамсарам сари фарзанд рафт. Чор фарзандам бемодар шуданд. Умедворам, ки баъди аз маҳбас баромадан онҳоро модарӣ мекунӣ.

- Ман дигар туро дидан намехоҳам. Ту шавҳари муваққатӣ будӣ барои ман.

- Ин тавр нагӯй Лутфия.

Азиз ҳамоно ба назди ӯ омада, зориву тавалло мекард, ки дӯсташ медорад. Баъди авфи умум Лутфия ҳам қатори садҳо нафар маҳбусон ба озодӣ баромад. Моҳи нуҳуми ҳомилагиаш буд. Азиз ӯро ба хонааш овард. Модари Азиз дар ин муддат аз ғаму дарди келини дӯстдоштааш бемор ва бармаҳал пир шуда, мисли аввала баддаҳону ҳозирҷавоб набуд. Лутфияро хеле хуш пазироӣ карда, гуфт, ки тақдиру насибаат ҳамин будааст. Лутфия ба кӯдакони сағерамондаи Азиз нигариста, якбора ба дилаш меҳру шафқат омаду дигар дар бораи ҷудошавӣ сухане нагуфт.

Баъди 15 рӯзи аз маҳбас баромаданаш Лутфия соҳиби духтарчаи дӯстрӯе гардид. Азиз худро марди хушбахттарини дунё эҳсос мекард. Лутфия аз ӯ хоҳиш кард, ки ба назди Зикамо рафта, хоҳ бо зӯрӣ, хоҳ бо зорӣ дараки кӯдакони рабудаашро ёбад. Азиз ба назди Зикамо омада таҳдид кард, ки агар рости гапро иқрор нашавад, ӯро ба суд медиҳад.

- Куҷое, ки равӣ, рав, даъво кун. Ман наметарсам. Дар вақташ ба хоҳарам гуфта будӣ, ки зани дар муҳоҷират гирифта зан нест ку. Акнун зану фарзанд даркор шуд мӣ? Кӯдаконатро кайҳо ба як бефарзанд додам. Ин зан ҳоло дар куҷост, худам намедонам.

- Росташро гӯй, вагарна мекушамат.

Зикамо дид, ки авзои Азиз дигар шуда истодааст. Тарсиду боз дод зада гуфт:

- Ба худо ба як зани бефарзанд бепул додамашон. Ду писарча дугоник буд. Забонхат навиштам, ки аз баҳри онҳо тамоман хоҳарам баромадааст.

- Ин зан куҷост?

- Намедонам. Чунин одамон ба хотири гапи зиёдатӣ нашудан ба ҷойи дигар кӯчида мераванд. Аз рӯйи шунидам ин зан бо шавҳараш ба Русия рафтааст. Кофтукоб фоида надорад. Ту худат нағз медонӣ, ки ба ҳамаи ин аввал ту гунаҳкорӣ.

Азиз дигар аз ӯ чизе напурсида, ба хона баргашт. Гапҳои Зикаморо ба Лутфия расонид. Лутфия гирякунон гуфт, ки нимаи дилаш нест. Ин тифлаконро аз дил бурун карда наметавонад.

- Бовар кун Азиз, тамоми ин солҳо пеши рӯям аст ду тифлаки гирён. Наметавонам онҳоро фаромӯш карда. Лахти ҷигарам аст. Ту ки онҳоро надидаӣ, мисли ман ғам намехӯрӣ, ҳарчанд падарашон бошӣ.

- Ин тавр фикр накун Лутфияҷон, ман ҳам дар ин бора фикр мекунам. Аммо апаат қасам хӯрд, ки онҳоро ба зани бефарзанде дода, аз номи ту забонхат навиштааст. Акнун ба тақдират тан деҳу фикри духтарчаи ширину фарзандони бемодар мондаи маро кун.

Лутфия бо кӯдакони Азиз сахт меҳрубону мушфиқ буд. Оҳиста-оҳиста онҳо бо ҳам унс гирифтанд. Лутфияро модар мегуфтанд.

Зикамо рӯзе баногаҳ бо кӯдаконаш ба хонаи онҳо омада, аз Лутфия бахшиш пурсиду гуфт, ки ба ивази кӯдакон хона гирифта буд. Аммо ин хона ба ӯ баракат наовард. Фақат кӯдаконаш беморанд. Бадбахт аст ӯ бо гуноҳи содиркардааш.

- Хоҳарҷон, маро бубахш. Яке мурда монам, гунаҳкор мемирам.

- Апа, ба чашмам нанамо, ки худам бӯғӣ карда мекушамат.

- Маро бубахш.

- Магар бо бахшиш кӯдакони фурӯхтаи маро баргардонда метавонӣ?

Зикамо дигар шарм дошт, ки дар хонаи хоҳар истад. Намедонист, ки аз куҷо он зани сарватмандро ёбад. Охир, он вақт як ошиқи яклаҳзаинааш нишонии ин занро дода буд. Акнун, баъди гузашти 10 сол, аз куҷо меёбад он занро?

Лутфия шукри кӯдакони шавҳару духтарчаашро карда, ба тақдираш тан дод. Аммо бо апааш дигар гап назад. Азизро низ дар дил бахшида натавонист.

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД