tobiston
Зани муваққатӣ (ҚИСМИ 3)
737

Лутфия баъди ба хона баргаштан апаи калониашро дид, ки рӯйи ҳавлӣ бо марде гуфтугузор дорад. Ин мард яке аз шиносҳои апаи бадгуҳараш буд.

Апаи калониаш баъди аз шавҳар ҷудо шуда ба хонаи падар баргаштан дар колхоз ба кор даромад. Аммо бо меҳнати сангин ва маоши ночиз кор карда натавонисту ба пойтахт коркобӣ рафт. Дар шаҳр бо як зани далла шинос шуду ин зан ӯро насиҳат карда гуфт, ки «ту зани ситорагармӣ, худатро фасон кун, ман туро бо мардҳои пулдор шинос мекунам, ҳам ҳақатро медиҳанду ҳам туҳфаҳои гаронбаҳо мехаранд».

Апаи Лутфия фикри фардояшро накарда, роҳ ба сӯйи шармандагиву бенишонӣ гирифт. Лутфия баъди аз Русия баргаштанаш худаш бо чашмонаш дид, ки ба назди апааш мардҳои гуногун меомаданд. Якеро акахонд мегуфту дигариро додархонд.

Ин дам апааш Лутфияро ба наздашон ҷеғ зада, бо ин мард шинос кард. Мард ҳарисонаву харидорона ба Лутфия нигариста, дасташро барои салом додан дароз кард. Аммо Лутфия ҷавоби саломи ӯро надода, бо қаҳр ба хона даромад.

- Уф..., ман акнун ба куҷо меравам? Апаам ба ман кина гирифта, аз ин пас аҳволамро зору ҳақир месозад. Пул надорам, ки ҷое хонаи иҷора гирифта, то тавлиди тифл кор кунам. Чӣ кор кунам? Ин Азиз аз худаш дарак намедиҳад.

Худи ҳамон бегоҳӣ Азиз ба Лутфия занг зада, бе салому алейк, бо қаҳр дод зада, гуфт:

- Ман ба ту нагуфта будам, ки то омадани ман хапакак шин!? Ту бошӣ, ба хонаи мо рафта, модарамро бо суханонат ба фишори хун мубтало кардаӣ, занамро бошад, дилзанак кардаӣ. Ту маро ба ғазаб овардӣ. Мефаҳмӣ? Ту зан барои Русия будӣ, тамом, ҳамин ки аз фурудгоҳ фаромадӣ, ту дигар зани ман нестӣ. Ҷавобатро додам. Тифлро исқоти ҳамл кун.

- Охир онҳо дугониканд, магар дилат намесӯзад? Онҳо меваи ишқи ману ту ҳастанд?

- Сарамро вайрон накун, чизе ки буд, гузашт, ман зану се фарзанд дорам. Худат хостӣ, наздам ба Русия омадӣ.

- Ишқу муҳаббатат магар дурӯғ буд? Охир, Азизҷон, ман туро бо ҷонам дӯст медорам. Чашм кушода туро дидам. Бахти аввал, ҳаёти ман, умеду орзуи ман ту ҳастӣ. Дар ин дунё ғайр аз модари касаливу туйи азиз дигар касе надорам. Апаҳоям ҳама ба зиндагии шахсии худ банданд. Ман бо ин тифлони шикамам ба куҷо равам?

- Гӯш кун Лутфия, дар муҳоҷират ҳамаи мардҳо барои Русия зан мегиранд. Занҳои дар Русия гирифта зан нестанд барои мо. Фаҳмидӣ, акнун?

Лутфия гӯшакро партофту зор-зор гирист. Ин лаҳза худкушӣ кардан мехост. Давид ба сӯйи ташноб, фонуси бобоиро гирифта карасини дар дарунаш бударо ба сару танаш пошид. Ин лаҳза апаи калониаш ин ҳолати ваҳмангези ӯро дида, аз пасаш ба ташноб омад.

- Чӣ гап? Лутфияҷон, тинчӣ мӣ?

- Рав апа аз пешам, касеро дидан намехоҳам. Мурдан мехоҳаму халос.

- Канӣ ин ҷо биё, ваҳ, ту бӯйи карасин мекуни ку, тез куртаатро каш.

Апааш, ки нисбати Лутфияи хурдҷусса фарбеҳу бузбала буд, ӯро сахт ба оғӯш гирифта, куртаашро аз танаш кашиду ба танаш оби хунук пошид.

- Ба худ омадӣ, хоҳари девонаи ман? Охир худкушӣ ягона роҳ нест дар ин дунё.

- Апа, маро ба ҳолам гузор, мурдан бароям авлотар аст аз чунин зиндагӣ.

- Барои чӣ? Чӣ алам дорӣ?

- Азиз занг зада гуфт, ки ман барояш зани муваққатӣ дар Русия будаму халос. Ӯ чаро фикр намекунад, ки ман дар батнам аз ӯ дугоник тифл дорам?

- Ҳеҷ гап не, масъалаи тифлонатро худам мебинам. Фақат ту ором шав.

- Апа, ман тоқати шунидани сухани зани муваққатӣ надорам. Ин суханон маро мекушанд зинда ба зинда. Наход, ки зану шавҳарӣ барои ду сол бошад? Наход зан ҳам мисли чизе бошад, ки дар бозор харанду фурӯшанд? Наход марди мусалмон занашро муваққатӣ бигирад? Ин суханон дили маро пора-пора сохт.

- Шуд акнун, гиря накун. Ин рӯзҳо мегузаранд. Тоқат кун, аммо тифлонатро таввалуд мекунӣ, он гаҳ ман медонам, ки чӣ кор кунам.

- Апа, бигузоред, ки ман аз ин дунё равам.

- Не, ақлатро кор фармо. Хаёлат ки ба ман номи бадномӣ осон аст? Панҷ фарзанди ман нон мегӯянд, пӯшок мегӯянд, бо маоши ночизи колхоз натавонистам, ки онҳоро хӯронам. Дар шаҳр бошад, касе мани бесаводро ба кор нагирифт. Дидӣ, ман ҳам ба занҳои бадгашт ҳамроҳ шуда, номи фоҳишаро гирифтам. Хоҳари ширинам, маро бубахш, ки имрӯз қариб туро ба ин марди пулмаст мефурӯхтам яксоата. Бубахш, дигар ин корро ҳаргиз дар ҳақи ту намекунам. Ман беморам, бемории табобатнашаванда. Рӯзҳои умрам башумор мондааст. Ман ба саратони меъда гирифторам.

- Апаҷон, ин хел нагӯед.

- Оре..., ҳама умедам ба ту. Панҷ фарзандамро ба ту месупорам.

- Апа...

(Давом дорад)

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД