Лутфия ба хотири тифлаконаш зистан хост. Аммо Зикамои зирак хоҳарашро фиреб карда, «ман беморам» гуфта буд. Ин гапро барои он бофт, ки хоҳараш ба ӯ ҳамдарду ҳамроз гардад, аз гапи ӯ набарояд.
Лутфия акнун ба апааш меҳрубон шуда, фарзандони ӯро хуб нигоҳубин мекард. Апааш ба шаҳр мерафту гоҳо баъди як моҳ меомад.
Боре Лутфия аз апааш хоҳиш кард, ки бекорагардиҳояшро партофта, аз пайи зиндагии солим гардад.
- Ту ба ман ёд надеҳ, дида истодаӣ, ки модарамон аз гап мондааст. Хоҳари дигарам низ сарбории ман аст. Ту ҳам. Чӣ кор кунам? Ту фикр кардӣ, ки аз ҳисоби кӣ калон-калон хӯрда истодаӣ?
- Апа, худованд меҳрубон аст. Сабр кунем, ҳамааш хуб мешавад. Ман боварӣ надорам, ки Азиз ин қадар зуд маро аз қалбаш канда партофта бошад. Ӯ сари қаҳраш ба ман занг зада буд. Ҳоло биёяд ба ватан, умед дорам, ки ба назди ман меояду аз нав никоҳ мекунем.
- Э сода, ту барои вай зани муваққтӣ дар муҳоҷират будӣ, мефаҳмӣ?
- Апа… ту ҳам ҳамин гапро ба ман таъна мекунӣ.
- Таъна накардаам. Вақти дар Русия буданат аз деҳаи поин як духтараки дигар низ мисли ту ба назди домоди русияне рафта, аҳмақ шуда баргашта омада буд.
- Чӣ тавр?
- О духтари Тоири заргар ҳаст ку, номаш Розия. Ин духтар дар ошхонаи ноҳия ба ҳайси пешхидмат кор мекард. Розия дар интернет бо ҷавоне, ки дар муҳоҷират будааст, хат карда ошноӣ пайдо мекунад. Ин ҷавонписар ба ӯ занг зада мегӯяд, ки аз ягон ҷо қарз гирифта чипта хару ба Маскав парида биё. Розия ба падару хоҳараш чизе нагуфта, аз зани амакаш қарз гирифта чипта мехарад. Дар фурудгоҳ бошад, мувофиқи ваъда он ҷавон ба пешвозаш намебарояд. Розия дар фурудгоҳ хеле интизорӣ кашида, ба рақами ин ҷавонписар занг мезанад. Гӯширо дигар ҷавон бардошта, мепурсад, ки ту дар куҷоӣ? Розия мегӯяд, ки дар фурудгоҳ. Ҷавонписар он шаб гӯширо набардошта, онро ба ҷӯрааш дода будааст. Хуллас, дӯсти ин ҷавон ба ҷойи ӯ омада Розияро ба хонаи иҷорааш мебарад. Худи ҳамон шаб ӯро худаш бо як коса об никоҳ карда гӯё мегирад. Розияи бечора дар шаҳри мардум дигар чизе нагуфта, ба ҷабру ҷафои ин ноҷавонмард сабр мекунад. Ин ҳамватани номард ӯро дар корхонаи қаннодӣ ба кор монда, ҳар моҳ маоши ӯро тин ба тин гирифта дод мезадааст, ки «ту аз ҳисоби ман дар хонаи бепул меистӣ, ман туро мехӯронам». Розия чанд бор кӯшиши гурехтан кардааст, аммо натавонистааст. Ин ҷавон наворҳоеро, ки дар он як гурӯҳ муҳоҷирдухтарони бероҳаро бачаҳо сарҳояшонро кал кардаанд, нишон дода гуфтааст, ки «агар ту ин навбат аз дасти ман гурезӣ, ба дасти ин бачаҳо месупорамат, саратро кал карда, ба навор мегиранд ва туро тамоми мардуми дунё тавассути интернет мебинанд». Розия ин наворҳоро дида, аз шармандагӣ тарсида, дигар норозигие баён накардааст. Баъди шаш моҳи никоҳ карданашон ин ҷавонписарро ба ватан депорт мекунанд. Розия ин ҳангом ҳомила будааст. Ҷавон ба ватан мерасаду баъд занг зада мегӯяд, ки ҷавобатро додам. Соҳиби хонаи иҷора омада Розияро аз дар берун мекунад. Розия бо шиками дамида ба назди роҳбари корхонаи қаннодӣ меравад. Роҳбари корхона - зани рус ӯро ба хобгоҳи коргарон ҷой дода, то таваллуд кардани фарзандаш нигоҳубин мекунад. Аммо баъдтар маълум мешавад, ки зери ин раҳмдилӣ дигар ғараз пинҳон будааст. Баъди тавлиди тифл, ки духтарча будааст, зани рус ӯро пули зиёд дода, мегӯяд, ки тифлро мону забонхат навис. Бо таҳдиду зӯрӣ забонхати ӯро гирифта, тифлашро аз дасташ кашида мегиранд. Розия ноилоҷ чипта мехараду ба ватан меояд. Аммо то имрӯз касал аст. Бо касе дуруст гап намезанад. Хоҳараш ин ҳодисаро ба дугонааш нақл мекунад. Дугонаи лаққиаш бошад, ин ҳодисаро ба тамоми мардуми деҳа нақл карда медиҳад. Фаҳмидӣ акнун оқибати зани Русия будана?
- Оҳ, апа, офарини Розия. Тифлашро гирифтаанд аз дасташ. Худо қувваташ диҳад.
- Ту чӣ? Дугоникҳоятро магар худат калон карданӣ ҳастӣ?
- Оре.
- Аз кадом ҳисоб?
- Апа, баъди таваллуди онҳо ман ба ягон ҷо кор мебароям.
- Чӣ? Ба куҷо? Ту ҳам савод надорӣ ку. Чӣ, мехоҳӣ, ки мисли ман ба фоҳишагӣ машғул шавӣ?
- Не, апа, ин гапҳоро дигар ба забон наоред. Бо меҳнати ҳалол дугоникҳоямро калон мекунам.
- Гӯш кун, хоҳар, ба назарат осон менамояд. Калон кардани дугоникҳо дар чунин шароити вазнин осон нашудааст. Ҳолӣ ку бинем, чӣ тавр таваллуд мекунӣ, баъд маслиҳат мекунем.
(Давом дорад)
Шаҳлои НАҶМИДДИН