1xbet
Зани муваққатӣ (ҚИСМИ 5)
670

Лутфия ба рақами бори охирин занг задаи Азиз рақам зад.

- Ало, Азиз, ин туйӣ?

- Манам, Лутфия , ману ту кайҳо бегонаем. Ман ҷавоби туро додам. Ҳамсарамро ба наздам ба Русия фиристоданд. Зангам назан. Мефаҳмӣ?

- Азиз…

Аммо гапаш дар ҳаво монд. Чунки аз он тараф Азиз гӯшакро аллакай гузошта буд.

… Оҳ Азизи дилу ҷонам, туро дӯст медорам. Чӣ кор кунам, ки ақл ба дили ман як нест. Маҷбурам, ки баъди таваллуди ин тифлакон ба кор бароям ба колхоз…

Вақти таваллуд торафт наздик мешуд. Ҳолати Лутфия рӯз ба рӯз вазнин мегардид. Апааш аллакай барои тифлакони ҳанӯз ба дунё наомада харидори калон ёфта буд. Ин зан муддати 20 соли зиндагӣ бо шавҳараш фарзанд наёфта буд. Акнун бо пули калон тифлаконро хариданӣ буд. Ба ивазаш ба апаи Лутфия хонаи сеҳуҷрагӣ дар маркази шаҳр ваъда кард. Барои ҳамин Зикамо торафт ба хоҳараш меҳрубонтар шуда, кӯшиш мекард, ки ӯ кори вазнине дар хона накунад. Апаи дигари Лутфия Сафармо шабе дар ҷогаҳ дар танҳоӣ ба Лутфия чунин рози дил кард:

- Медонӣ, хоҳарҷон, ин апаи калонамон чӣ нақшаи баде дорад, ки ин қадар туро дӯстдорӣ мекунад. Эҳтиёт шав.

- Чаро ин тавр мегӯӣ? Ҳамаамон фарзанди як падару модарем. Бояд ба якдигар меҳрубон бошем. Аҳволи модарамро бин, аз гап мондааст. Апаам сахт кумак мекунад барои зиндагиамон.

- Фақат миннат мекунад. Одам ки некӣ кард, набояд онро таъна кунад. Хайр бояд пӯшида бошад.

- Апа, хафа нашав аз Зикамо. Бин чӣ қадар азоб дорад. Ба ман қасам хӯрд, ки фоҳишагиро партофта, рӯ ба бозор овардааст.

- Эҳ, сода, магар ту бовар кардӣ?

- Наход дурӯғ гӯяд?

- Ман, ҳарчанд апаам ҳам бошад, бовараш намекунам.

- Апа, мо бояд ҳама аҳл бошем. Худованд меҳрубон аст.

Лутфия тифлаконро дар хона таваллуд кард. Дугоникҳо писару духтар буданд, солиму бардам. Момодоя ба холи пушти гарданашон нигариста, аз Лутфия пурсид, ки магар шавҳарат дар пушти гарданаш холи гӯштӣ дорад?

- Оре.

- Пас, ин холи гӯштиро аз падарашон мерос гирифтаанд.

Момодоя хост, ки тифлаконро болои шиками модар гузорад, то пистони модарро ба даҳон гиранд. Аммо Зикамо ба гӯши ӯ чизе гуфту ӯ ба Лутфия гуфт:

- Камтар дам гир, баъд шир медиҳӣ.

Зикамо дид, ки Лутфияро хоби ширин бурд, тифлаконро парпеч карду бо ҳамроҳии момодоя ба кӯча баромаданд. То дергоҳ барнагаштанд. Лутфия аз хоб бедор шуда, тифлаконашро ҷӯё шуд.

Аммо апаи миёнааш гуфт, ки Зикамо тифлаконро бо момодоя барои ташхис ба беморхонаи ноҳия бурдаанд.

- Чаро? Магар ягон нуқс доштанд?

- Надонам. Ин Зикамо чӣ нақшае дорад , гуфтам ку, гапи худам шуд.

Бегоҳи Зикамо дар даст калиди хона ва ҳуҷҷатҳо ба номаш бо даҳони пур аз ханда ба ҳавлӣ даромад. Лутфияи бемадорро дар бистараш бӯсида, дод зад:

- Хоҳари азизам, зиқ нашав, ҳамааш хуб аст.

- Канӣ тифлакони ман?

- Онҳоро бурда ба хонаи кӯдакон ба муддати 1 сол забонхат навишта, супоридам.

- Чӣ? Ту девона шудаӣ, апа, онҳо хуни ман ҳастанд, умеди ман, нишонаи ману Азизанд, ту чӣ кор кардӣ?

- Дод нагӯ, вагарна туро ба девонахона бурда месупорам. Фаҳмидӣ?

- Апа, канӣ фарзандони ман?

- Боз мегӯям, ки онҳоро то муддати муайян ба сағерахона супоридам.

- Чаро бе иҷозати ман додӣ кӯдаконро?

- Чунки мо шароит надорем, ки онҳоро калон кунем.

- Ман кӯдаконро гирифта, ба ягон ҷо мерафтам.

- Ту ҷойи рафтан надоштӣ, мефаҳмӣ?

- Апа, ҳаёти маро сӯхтӣ…

(Давом дорад)

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД