1xbet
Зани муваққатӣ (ҚИСМИ 6)
729

Лутфия он шаб то субҳ хоб накарда гирист ба ёди он тифлакони шир надодааш. Субҳи солеҳон аз хоб хесту ба назди бистари Зикамо омад.

- Апа, хез аз ҷогаҳат, рафтем ба ҳамон сағирахонаи гуфтагиат. Ман тифлаконамро мегирам.

- Не, рав аз пешам, ки ҳозир қаҳрамро меорӣ, бурда дар беморхонаи руҳӣ маҳкамат мекунам.

Аммо Лутфия аз гиребони апаи бераҳмаш гирифта, дод мезад. Зикамо ӯро муште фароварду худ ба касе занг зад. Баъди ним соат назди ҳавлиашон мошини хориҷие ҳозир шуд. Ду нафар марди ношинос аз он фаромада, Лутфияро бо зӯрӣ ба мошин шинонданд.

Вақте ки Лутфия ба ҳуш омад, худро рӯйи бистари сафеду ҳуҷраи торик дид. Хаёлаш ки мурдааст. Дод зад. Ҳамшираи шафқат давида омад.

- Салом, хестед аз хобатон?

- Канӣ тифлакони ман? Канӣ Зикамо?

- Кадом тифлакон? Шумо ҳоло бемор ҳастед.

Ҳамшираи шафқат оҳиста ӯро рӯболо хобонида, аз оринҷаш сӯзандоруи хобовар гузаронид.

Лутфияро аз таъсири дору зуд хоб бурд. Баъди се соати таъсири сӯзандоруи хобовар ӯ аз хобаш бедор шуда, ҳис кард, ки сараш сахт дард мекунаду чизе ба ёдаш нест. Аранг-аранг ба хотираш расид, ки тифлакони ӯро апааш ба кадом сағирахонае супоридааст. Аммо мадори гап задан надошт.

Зикамо дар беморхона бо духтуру ҳамшираи шафқат гапзанон карда, пули зиёд дода, хоҳиш кард, ки хоҳарашро зуд-зуд сӯзандору гузаронида, табобат намоянд. Гуфт, ки гӯё Лутфияро дар муҳоҷират ба сараш бо арматур зада, мағзи сарашро ҷунбонидаанд ва чӣ гуфтанашро намедонад.

Лутфия шабона ба як ҳамроҳаш диққат карда дид, ки ӯ сурудхонӣ карда, қошуқчаро гирифта, ишора мекунад, ки аз қошуқча калиди дари баромадгоҳро месозад. Лутфия оҳиста аз ӯ пурсид, ки «калид сохта ба ман деҳ». Ин зан, ки зоҳиран ба касалиҳои руҳӣ монанд набуд, зери лаб ҷавоб дод, ки «ба ивазаш чанд сум медиҳӣ?». Лутфия аз гарданаш зиреҳи нуқрагинашро, ки модараш туҳфа карда буд, бароварда ба ӯ дароз кард. Зан нисфишабӣ ӯро аз бистараш хезонда, ишора кард, ки аз пасаш биёяд. Лутфия нӯг-нӯги по қадам монда, аз паси зан дар роҳрави беморхона омадан гирифт. Зан дари баромадгоҳро устокорона бо қошуқча кушода, акнун Лутфияро фарёд карда бароварданӣ буд, ки ҳамшираи шафқат аз он тарафи роҳрави беморхона онҳоро дида, дод зад. Дигар духтурони навбатдор ин замон давида омаданд. Лутфияро кашолакунон ба палата дароварда, аз оринҷаш сӯзандору гузарониданд. Дастону пойҳояшро низ баста монданд. Зани қошуқчадорро бошад, ба дигар палата бурданд.

Лутфия то субҳ хоб рафт. Баъди аз хоб бедор шуданаш сарашро медошту дод мегуфт, ки сарам мекафад. Зикамо бошад, бо фарзандонаш ба хонаи нав кӯчида, хонадароён мекард. Дугонаҳои ҳамқадаҳашро фарёд карда, базм орост буд. Пеш аз омаданаш аз ҳамшираи шафқат илтимос кард, ки Лутфияро таҳти назорати худ гирифта, бештар доруҳои мадҳушкунандаи ақл диҳад. Барои ин хизматаш ба ҳамшираи шафқат як саддоллара пинҳонӣ аз сардухтур дароз кард. Зани бефарзанди бодавлат бошад, якбора баъди гирифтани дугоникҳо аз хурсандӣ хонаи сеҳуҷрагиро ба номи Зикамо гузаронида, ба замми ин боз 5000 доллари дигар ба ӯ ҳадя кард.

Зикамо аз муфт соҳиби хона шудан чунон хурсанду мамнун буд, ки ҳисобаш гум. Ба хаёлаш намеомад, ки ба ивази бадбахт кардани хоҳараш ӯ ин ҳама сарвати дунявиро ба даст овардааст ва дар ин дунёи саволу ҷавоб ҳатман ҷазояшро рӯзе хоҳад дид.

Акнун фикр мекард, ки баногаҳ Азиз аз карда пушаймон ба кофтукоби зану фарзандонаш наояд. Дар фикри он шуд, ки баъди муддати муайяне рафта Лутфияро аз беморхона меораду ба ягон марди пулдор ба ҳайси зани дувум никоҳ карда медиҳад.

Лутфия баъди як моҳи дар беморхона хобидан тамоман дигаргун шуда, дигар ёди тифлакони гумгаштаашро намекард. Мисли ҳайкали беҳис гашта буд. Зикамо ӯро гоҳ-гоҳ хабаргирӣ омада, мегуфт, ки Азизат бо ҳамсараш ба ватан баргашта, баҳузур зиндагӣ карда гаштааст. Дигар ёди ӯро накун.

Доруҳои мадҳушкунанда чунон ба мағзи сари Лутфия таъсир карда буданд, ки суханони апааш барояш аҳамияте надоштанд.

Лутфияро ба хона оварда, аз паси шавҳар додан шуд. Мардеро ёфт, ки ба тиҷорат машғул буду зани дувум гирифтан мехост. Ин мард баъди дидани Лутфияи мавзунқомату зебо ошиқи зор гашта, ба Зикамо як мошини хориҷӣ туҳфа карда, хоҳари ӯро ба занӣ гирифт.

(Давом дорад)

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД