Лутфия баъди зани дувуми Саттор шудан худро аз пештара дида осуда ҳис мекард. Саттор марди ширинзабон ва меҳрубоне буд. Аммо Саттор дам ба дам ба Лутфия таъкид мекард, ки боз кӯдак накунад.
Лутфия ҳайрон шуда, гуфт:
- Охир, зиндагии одамиро фарзанд ширин мекунад. Чаро шумо аз ман фарзанд намехоҳед?
- Чунки зани ман мисли саги газанда аст. Агар фаҳмад, туро азоб медиҳад.
- Пас ту пинҳонӣ зани дувум гирифтӣ?
- Оре, касе намедонад, ки ман боз зани дувум дорам. Ту барои ман айни замон даркорӣ…
Ин суханон ба суханони Азиз монанд буданд. Лутфия гӯшҳояшро дошту ба хонаи дигар даромад. Дигар шунидан намехост идомаи суханони Сатторро. Ишқи шаҳри мардум ба хотираш омад. Азизро бо тамоми ҳастиаш дӯст медошт. Гумон мекард, ки ишқи шаҳри мардум ҳеҷ гоҳ намешиканад, мустаҳкам аст то дами гӯр. Охир, ду дили хаста, ду дили танҳову ғариб якдигарро дар ин мулки бегона дармеёбанду ҳамеша дар сахтиву шодии ҳамдигар шарику ҳамрозу ҳамнафасанд. Наход, ки то ин дараҷа Азизи ӯ бераҳму бевафо бошад? Боз ба ёди ӯ тифлакони гумгаштааш расиданду ба апааш занг зада, зорӣ кард, ки нишонии он ятимхонаро ба ӯ бигӯяд. Аммо апааш ҷанг карда, ишора кард, ки «боз маззаи девонахонаро ёд карди чӣ?».
Шабе шавҳараш ҳангоми дар хона буданаш бо телефон бо касе пичир-пичир карду номи Зикамоҷонро ба забон овард. Ин дам Лутфия худро ба хоб зада, суханони Сатторро ноаён гӯш мекард.
- Зикамоҷон, ман ҳам туро мехоҳам. Аммо дар як моҳ се бор базӯр гурехта ба назди хоҳарат меоям. Майлаш, имшаб ба назди ту меравам.
Саттор Лутфияро такон доду гуфт, ки зани якумаш занг зада мегӯяд, ки фишори хунаш баланд шудааст ва ӯ имкони дар хона истодан надорад. Лутфия худро базӯр аз хашму ғазаб нигоҳ дошта, чизе нагуфт. Ҳис кард, ки маъшуқаи шавҳараш апаи ҷону дилаш - фарзанди падараш мебошад.
Баъди рафтани шавҳар ӯ боз Русияро ба хотир оварда, дилаш ба рӯзҳои бо Азиз буданаш тапид ширин-ширин. Азиз доимо мегуфт, ки «дар ин шаҳри зарду сард ту бароям ягонаӣ баъд аз худои тори сар».
Аммо ишқ дурӯғ будааст, аниқтараш ишқи мард мисли як борони баҳорист. Мегузарад. Аммо ишқу муҳаббати зан агар ҳақиқӣ бошад, то мурдан занро месӯзонаду месӯзонад.
Лутфия то субҳ ҳар соати бо Азиз будаашро ба хотир оварда, дарди дилашро фақат бо гиряи талх баровард.
Субҳ Саттор занг зада гуфт, ки барояш нисфирӯзӣ оши палав пазад. Апааш ҳам занг зада хабар расонд, ки бо кӯдаконаш ба меҳмонӣ меоянд.
Лутфия то омадани онҳо оши палав пухта, дастархон орост. Аммо дилаш намехост, ки дидори апаи бадаъмолашро бубинад. Дақиқа ба дақиқа дар дилаш оташи қассос шуъла мезад. Аммо ҳоло хомӯш буд.
Нисфирӯзӣ шавҳараш бо апааш расида омаданд. Ҷиянҳояш ӯро гирд карда, саволборон карданд, ки чаро язнаашон шаб ба хонаашон меҳмонӣ омадаасту холаашон наомадааст? Ин суханони кӯдакон неши ҷонсӯзе ба қалби шикастаи Лутфия зад. Вале боз худро ба даст гирифта, ором нишон додан мехост. Чунки аз забони заҳри апаи ҷоҳилаш метарсид. Номи девонахонаро апааш ба забон мегирифту дили Лутфияро ларза фаро мерасид. Лутфия кӯшиш мекард, ки нисбати апааш бадбиниашро нишон надиҳад. Чунки ҳушу хаёлаш ба шавҳари якумаш банд буд. Гоҳо ба худ андеша мекард, ки чаро ман вақте ки аввалин бор ӯро дар фурудгоҳ дидам, аз омаданам пушаймон шуда будам, аммо баъди никоҳ кардан ман ӯро бо тамоми ҳастиам дӯст доштам. Шояд ин ҳиссиёти аҷиб барои он дар ниҳоди ман пайдо шуд, ки Азиз бахти аввали ман буд. То вақти бо ӯ шинос шудан ман бо марде ишқварзӣ накарда будам.
Саттор он нисфирӯзӣ дар назди ҳамсараш бешармона Зикаморо ба оғӯш мегирифт. Лутфия аз ин фосиқии шавҳару апааш ба ғазаб омада, қариб ки онҳоро аз хона пеш кунад. Вале, боз сабру тоқатро пеша мекард. Дар дил нақша мекашид, ки каме пул ҷамъ кунаду аз хонаи шавҳар фирор карда, кӯдаконашро ҷустуҷӯ кунад. Барои ҳамин зуд-зуд бо ҳар баҳона аз Саттор пул мепурсид. Рафтори Зикамо ба Лутфия таъсир карда, тамоман дигар он духтари содаву зудбовар набуд. Аз ҳамаи одамоне, ки озораш дода буданд, қасос гирифтан мехост.
(Давом дорад)
Шаҳлои НАҶМИДДИН