tobiston
Зани муваққатӣ (ҚИСМИ 8)
657

Саттор пинҳонӣ ба тиҷорати маводи мухаддир машғул буд. Боре ба ҳамсараш гуфт, ки якҷоя ба тиҷорат машғул мешаванду барои Лутфия хонаи шахсӣ мехарад. Лутфия ин фикри ӯро ҷиддӣ пиндошта, розӣ шуд, ки бо шавҳараш барои фурӯхтани анор ба Самара равад.

Саттор бо ҳамроҳонаш ба даруни анорҳо ноаён маводи мухаддир пур карда, устокорона онро даруни қуттиҳо андохт. Дар фурудгоҳ корманди зираки гумрук даруни яке аз анорҳоро бурид. Ба рӯйи Лутфия бодиққат нигариста, пурсид, ки даруни анор чӣ ҷой кардаӣ?

- Чизе нест. Ин охир анор аст. Чӣ тавр ба даруни он чизе ҷой кардан мумкин аст?

- Шумо надонед, мо аз куҷо медонем? Ба ин тараф гузаред.

Лутфия боз чизеро пайхас накарда, ҳамроҳи онҳо рафт. Саттор худро ношинос нишон дода, зуд баъди ҳуҷҷатҳояшро тафтиш кардан гузашта рафт.

Саттор гумон дошт, ки дар фурудгоҳ кормандони гумрук чизеро пай нахоҳанд бурд. Аммо, ҳамин ки ҳолати Лутфияро дид, роҳи гурезро ҷуст.

Лутфияро ба даруни ҳуҷра бурда, пешаш анорҳоро бурида, лундачаҳои хурди героини ҷойкардаро нишон дода пурсиданд, ки инҳоро аз куҷо, бо кадом восита дастрас кардааст. Лутфия ҳайрону музтар чизе ҷавоб дода натавонист. Ҳатто аз тарсу парешонӣ номи Сатторро ба забон наовард. Вақте ки ҳушаш ба сар омад, аллакай дер шуда буд. Саттор ба Самара парвоз карда, кайҳо дар Тоҷикистон набуд. Лутфия ба муфаттиш мефаҳмонид, ки ӯ дар бораи лундачаҳои героин тасаввуроте надорад. Аммо муфаттиш ба суханони ӯ бовар накарда, мегуфт, ки агар шавҳарат гунаҳкор мебуд, қуттиҳоро ту намебардоштӣ.

- Охир, ман тамоман хабар надоштам аз ин анорҳои пургероин.

Саттор то ба маҳбас ҳукм кардани ҳамсараш дар шаҳри Самара дар хонаи як ҷӯааш зиндагӣ кард. Лутфияро як бор тамоми апаҳояш хабаргирӣ омаданд. Лутфия ба Зикамо рӯирост гуфт, ки «туро дидан намехоҳам».Зикамо дар ҷавоб ӯро ба нашъаҷаллобӣ муттаҳам карда, гуфт, ки дигар ба хабаргириат намеоям.

Лутфия аз маҳбас ба рақами Азиз занг зад. Ин навбат аз чӣ бошад, ки Азиз бо ӯ дағалӣ накарда, суханони ӯро то ба охир гӯш кард.

- Лутфия, ман туро мефаҳмам. Аммо аз дастам чизе намеояд. Илтимос, ба ин рақам занг назан. Аз дохили маҳбас чӣ тавр тавонистӣ, ки телефон гирӣ?

- Ин телефони мобилии як нафар занаки зӯри маҳбас аст. Азиз, маро аз ин ҷо раҳо кун. Маҳбас мисли дӯзах аст бароям. Охир, ман гуноҳе надорам.

- О ба шавҳари нават занг зан. Ту кайҳо боз зани ман нестӣ, пас чаро рақами маро кофта занг задӣ? Маро ба бало намон. Дигар маро накоб. Паноҳат ба Худо!

- Азиз...

Лутфия дар маҳбаси занона бо занҳое нишаста буд, ки асосан барои ҷинояти шавҳаркушӣ ва дуздӣ маҳбасӣ шуда буданд. Ин ҷо аз ҷамъият дур буда, қонунҳои нонавиштае дошт, ки мебоист ҳамаи маҳбусон ба он итоат мекарданд. Лутфия ҳамеша хомӯш буду бо касе гап намезад. Мушоҳида кард, ки дар ин ҷо як ҷавонзанеро чунон таҳқиру дашном медоданд, ки аҳволаш хеле бад буд. Доимо гушанву ташна тамоми корҳои фармудаи дигар занони маҳбасиро иҷро мекард. Лутфия аз зане, ки барои қаллобӣ ӯро дастгир карда, ба маҳбас шинонда буданд, сабаби ин қадар паст задани ин занро пурсон шуд.

- Э дугона, гуноҳи ин зан хеле бузург аст. Чунин зани фарзандкушро дар маҳбас ҳаргиз намебахшанд. Дар маҳбаси мардона бошад, гуноҳи мардони таҷовузкорро. Ин ду ҷиноят нобахшиданист. Ин ҷавонзан кӯдаки сесолаашро куштааст. Барои ҳамин ӯро ин қадар азобу машаққат медиҳанд.

- Пас ман ҳам чунин занро чашми дидан надорам,- баногаҳ чашмонаш лиққи об шуданд. Тифлаконаш ба ёдаш омаданд.- Апаи бераҳми ман дугоникписарҳои маро гирифта бурду дигар надидамашон.

- Куҷо бурд?

- Намедонам,- муштҳои Лутфия ин дам гиреҳ шуданду зери лаб ба худ гуфт: “Ҳамаи ин одамон ба гуноҳҳои кардаашон ҷавоб медиҳанд”.

(Давом дорад)

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД