Лутфия барои ҷинояти содир накардааш ба муддати 7 сол маҳбасӣ гардид. Дар шаҳри рус касе садои ӯро намешунид, ба додаш намерасид. Ӯ ба тақдир тан дода, дар маҳбас кӯшиш мекард, ки рафтораш намунавӣ бошад.
Баъди се соли дар маҳбас нишастанаш рӯзе посбони дари маҳбаси занона омада гуфт, ки ба наздаш марде хабаргирӣ омадааст. Ҳайрон шуд, чунки ба ғайр аз ду апаи хурдиаш то ин вақт касе ба хабаргириаш наомада буд. Вақте рӯ ба рӯяш Азизро дид, аз хурсандӣ қариб ки дод занад. Ҳеҷ ба гӯшаи хаёлаш намеомад, ки рӯзе Азиз ӯро кофта-кофта меояд.
- Салом Лутфия. Маро бубахш барои гуноҳҳоям. Медонӣ, маро оҳи ту гирифт. Ҳамсарам вақти тавлиди фарзанди панҷум сари фарзанд рафт. Аммо ҳангоми ҷон доданаш гуфт, ки ӯро оҳи ту гирифтааст. Ман оқибат баъди андешаи зиёд ба назди ту омадам. Маро бубахш.
- Туро ман кайҳо дар дилам бахшидаам. Туро худо бахшад. Ягон гап доштӣ?
- Ман ба тамоми идораҳои дахлдор нома навишта, даводав мекунам, то туро аз маҳбас барвақттар халос кунам. Агар розӣ бошӣ, аз нав никоҳ кунем.
- Охир фикри ту ин буд, ки «зани дар муҳоҷират никоҳкарда зани ҳақиқӣ нест»...
- Биё мон ин гапҳоро. Як беақлӣ кардам да.
- Ту ҳатто намепурсӣ, ки тифли шикамам куҷо шуд?
- Ба фикрам ту тифлро исқоти ҳамл карда будӣ?
- Не, ман исқоти ҳамл накардам ҳамон вақт. Аммо баъди тавлиди дугоникписарҳоям апаам онҳоро ҳамон замон гирифта ба қавле ба ятимхона бурдааст. Дигар чизеро намедонам. Ният дорам, ки ҳамин ки аз маҳбас бароям, онҳоро мекобам.
- Апаатро ба суд медиҳем. Мурда-мурда росташро мегӯяд.
- Ман аз маҳбас ки бароям, медонам ӯро чӣ тавр ҷазо диҳам. Ту ба ин кордор нашав.
- Ба таклифи ман барои дувумбора никоҳ кардан чӣ мегӯӣ?
- Ҳаргиз...
- Чаро? Магар маро дӯст намедорӣ?
- Дӯстдориам ба нафрат табдил ёфт. Ту ҳаёти маро шикастӣ, аз рӯйи ту шуда ман кӯдаконамро дар назди апаам таваллуд кардам.
- Шуд акнун, коҳи куҳнаро бод надеҳ. Касе дар ин дунё бегуноҳ нест. Ман хатоямро фаҳмида, наздат омадам ку. Розӣ шав, он гоҳ муҳлати дар маҳбас буданат низ шояд кам шавад.
- Не, ман дигар бо ту будан намехоҳам. Он азобҳои кашидаам пеши назарам меоянду дилам хун мегиряд. Рав аз пешам, дигар наё.
- Лутфия, ман барои зудтар баромадани ту аз маҳбас даводав мекунам.
Азиз сахт пушаймон буд, ки чаро дар вақташ бо ҳаёти Лутфия бозӣ карду ӯро ба ин ҳол овард. Лутфия баъди рафтани ӯ барои қадраш, орзуҳояш сахт гирист. Аммо дигар Азизро бахшидан намехост. Вале як ҳамроҳаш дар маҳбас қиссаи омадани шавҳари ӯро шунида, ҷангаш карда гуфт, ки «эҳ нодон, аз нав никоҳ карда, бо ӯ муносибати маҳрамона кун ҳалолу тоза. Агар дар қадат кӯдак шавад, муҳлати баромаданат аз маҳбас кӯтоҳ мешавад. Ту девонаӣ, ки ба ин таклифи ӯ розӣ намешавӣ.
Лутфия аз дил гузаронид, ки вақти қасос ҳам фаро расид. Бо Азиз дар маҳбас никоҳ карданд. Акнун Азиз зуд-зуд ба дидорбинии ӯ меомад. Вале аз чӣ бошад, ки эҳсоси дӯстдории Лутфия мисли аввала набуд. Ҳарчанд худро маҷбур ҳам кунад, эҳсосаш дурӯғин буд. Мисли аввала ба Азиз меҳру муҳаббати самимӣ надошт. Худро борҳо маҷбур кард, нашуд. Муҳаббат ба нафрат мубаддал гашта буд. Аммо Азиз ӯро дӯст медошт. Вале, афсӯс, ки ин эҳсоси ноошноро хеле дер дарк карда буд ӯ. Вақте ки Лутфияро ба ватан фиристод, ҳамсараш занг зада ҷанҷол бардошт, ки ту зани пинҳонӣ доштаӣ дар Русия. Ин гапи ҳамсараш ӯро ба ғазаб оварду сари қаҳраш ба Лутфия занг зада, гапҳои қабеҳ гуфт. Кунун баъди 9 соли азобҳои кашидаи Лутфия ӯ ҳақиқати аслро фаҳмид. Дигар бе Лутфия зиста наметавонад. Вале баъди ҳар вохӯриашон дар маҳбас ҳис мекард, ки Лутфия торафт аз ӯ дур мешавад.
(Давом дорад)
Шаҳлои НАҶМИДДИН