Алия Носирова, зани 35-солаи украинӣ, расман ба Китоби рекордҳои Гиннес шомил гашт. Мӯйи дарозии 257,33-сантиметрааш имрӯз расман дарозтарин дар байни занон эътироф шудааст.
Мӯйи ӯ аз қадаш 92 см дарозтар буда, ҳатто аз қадди баландтарин марди дунё - Султон Кесен, ки 251 см қад дорад, дарозтар аст.
Алия мегӯяд, ки дар тӯли ҳаёташ ҳеҷ гоҳ мӯйҳояшро «ҷиддӣ» набуридааст ва танҳо нӯги онҳоро каме кӯтоҳ мекард, то нерӯи табиии онҳоро нигоҳ дорад.
Ӯро модар ва бибияш, ки ҳар ду мӯи дароз доштанд, илҳом бахшиданд, инчунин қаҳрамонони афсонавӣ чун Рапунсел, ки ӯро бисёриҳо ба вай монанд медонанд.