arzon replenishment
10 ҳиллае, ки занро зебо месозад!
05.02.2022
ОИЛА
2152

Асрори зебоӣ

Дар маводи мазкур 10 ҳиллаи аҷибро пешкаши шумо мегардонем, ки ҳамарӯза садҳо бонувони хушзавқ аз он истифода мебаранд. Мутмаинем, ки тавсияҳои мазкур ба шумо писанд меоянд.

  1. Қошуқи одӣ имкон медиҳад, ки аз изи сиёҳиҳои туши зери чашм амон ёбед. Вақте ки ба миҷгонҳои худ туш мемолед, қошуқро дар зери миҷаҳои поёнӣ қапед.
  2. Давои беҳтарин барои чашмони варамкарда: картошкаи хому пӯсткардаро аз байн бурида, ба чашмонатон гузореду 10 дақиқа нигоҳ доред.
  3. Агар ниқоби таскинбахшу муҳофизатӣ ва поккунандаро барои пӯсти рӯй омода карданӣ бошед, барои тайёр карданаш ду қошуқ кефир, як қошуқ асал ва сафедии як дона тухмро то яклухт шуданаш лат зада, ба пӯсти рӯй моледу 18-20 дақиқа нигоҳ доред. Сипас рӯйи худро бо оби хунук шӯед.
  4. Кафки қаҳва дар рафъ намудани равғани зиёдатии бадан (целлюлит) кӯмак мерасонад. Онро ба ҳайси скраби бадан истифода бурда, аз равғани нодаркори ҷисматон ба зудӣ халос шуда метавонед.
  5. Агар мӯятон сиёҳ ё малларанг бошаду онро бе истифода аз моддаҳои зарарнок зард карданӣ бошед, аз гиёҳоби бобуна истифода баред. Бо истифода аз он мӯятонро обгардон кунед ё гиёҳобро молида, чанд муддат нигоҳ доред.
  6. Оби сард барои хушк шудани лаки нохун кӯмак мерасонад. Ба зарфи начандон калон оби сард гирифта, чанд пора ях илова кунеду нохунҳои лаккардаатонро дар ин об муддати ду дақиқа нигоҳ доред. Назорат баред, ки об танҳо нохунҳоятонро пӯшонад, на панҷаи дастатонро.
  7. Аксарияти духтарон истифода бурдани лакҳои зарҳалдорро дӯст медоранд. Лекин ҷараёни тоза кардани лак аз нохун амалиёти душвору ногувор аст. Барои он ки лаки нохунатон ба зудӣ тоза шавад, ба дока маҳлули лактозакунӣ молида, ба рӯйи нохунатон гузореду онро бо пораи фолга печонед. Баъди сипарӣ шудани 3-4 дақиқа лаки нохуни шумо ба осонӣ тоза мешавад.
  8. Равғани моҳӣ, ки онро дар кӯдакӣ истеъмол мекардем, барои нӯги мӯйҳои гулкарда давои бемисл аст. Даҳ дақиқа қабл аз саршӯӣ равғани мазкурро ба нӯги мӯйҳои худ молида, шумо аз ин паёмади ногувор эмин меонед.
Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД