Барои он ки чавондухтарон дар интихоби бахт хато накунанд, мо ин маводи бисёр аҷибро омода намудем, то аз як нигоҳ ошиқи ҳақиқиро аз марди духтарбозу фиребгар фарқ карда тавонанд.
1. Аҳимият диҳед, ки ҷавон гапатонро бодиққат гӯш мекунад ё не. Сухандон будани бону шарт нест, агар мард дар њақиқат дӯст дорад, бодиққат ҳарфҳои азизи дилашро гӯш мекунад.
2. Марде, ки нияти ҷиддӣ дорад, бе сабаби узрнок вохӯриро ба таъхир намегузорад. Аз вохӯрии дӯстонаш рӯ метобад, то лаҳзаяке бо азизи дилаш бошад.
3. Ба он диққат диҳед, ки ба дигар бонувон чӣ гуна менигарад. Марди дар ҳаҳиҳат ошиқ ба занҳои дигар наменигарад.
4. Мақсади мард оила барпо кардан бошад, корро кашол надода, ҳатман ба хонаи дӯстдоштааш хостгор мефиристад.
5. Марди ошиқ вақти холияшро ба маҳбубааш бахшида тез-тез паёмакҳои ошиқона мефиристад.
6. Мард танҳо шаҳват мехоҳад, агар дар вохӯрии аввалин зиёд васфи зебоиятонро намояд.
7. Ҷавонмард дар хусуси худаш нақл накарда, ҳама чизро дар бораи зиндагии шумо фаҳмидан хоҳад, нияташ ҷиддӣ нест.
8. Мард танҳо барои шуморо ба вохӯрӣ даъват кардан занг занад, донед, кимақсадаш вақташро хуш гузаронидан асту халос.
9. Мард бо аввалин фурсат оғӯшкашию бӯсобӯсиро сар кунад, духтарбоз аст, на ошиқ.
10. Мард дар ҳалли мушкилоти зан иштирок кардан нахоҳад, маълум мешавад, ки дилу нияти бо ин хонум хонадор шудан надорад.