shoh palace
15-роҳи табдил ёфтан ба зани идеалӣ
13.05.2022
ОИЛА
1082

 

Зан агар дар зиндагӣ «ман»-и худро надошта бошад, зиндагӣ барояш хеле душвор ва то дараҷае беранг мегузарад, барои ҳамин мо ба шумо чанд маслихатисудманде медиҳем, ки ба пойдор шудани оилаатон мусоидат хоҳанд кард.

1.Маслиҳати дигаронро гўш кун, аммо чуноне рафтор намо, ки дилат мехоҳад.

 

2. Ба сояи каси дигар табдил наёб, ту шахсияти алоҳидаӣ, бояд фикру андешаи худатро дошта бошӣ.

 

3. Ба ҳеҷ кас такя макун, зеро ҳангоми тангӣ, ҳатто сояат таркат мекунад.

 

4. Зиндагӣ баъзан ҳолатҳоеро пеш меорад, ки аз дилтангӣ рози дилатро ба одами ростомада нақл кардан мехоҳӣ, ин корро макун!

 

5. Дар оиладорӣ ҳам «ман»-и худро дошта бош, ин маънои бе қурб будани марди хонадон ва аз фармони ў берун омаданро надорад.

 

6. Ҳаргиз магузор, ки нафаре пастат занад ва таҳқират кунад.

 

7. Хоксорӣ яке аз хислатҳои ҳамидаи инсонӣ аст, аммо ба дараҷае хоксор мабош, ки хоки заминат кунанд.

 

8. Инсонҳо табиати аҷиб доранд, агар ба онҳо хубии зиёд намоӣ, гумон мекунанд, ки аз онҳо мутаҳамӣ, накўкорӣ ҳам сарҳади эътидол дорад.

 

9. Сабру тоқат хуб аст, аммо зиндагӣ кирои тоқат ба таҳқир, хушунат ва азобро надорад.

 

10. Муносибатҳое, ки ба ту дард меоранд, лозим нестанд, зуд занҷираи ин гуна муносибатро бикан ва роҳат зиндагӣ намо!

 

11. Зане, ки дар ҳаёт «ман»-и худро дорад, ҳеҷ гоҳ хор нахоҳад шуд!

 

12. Агар мехоҳӣ, ки дар ҷомеа соҳибэҳтиром бошӣ, аввал худатро ҳурмат намо!

 

13. Фаромӯш макун, агар ту худатро дўст надорӣ, каси дигар дўстат нахоҳад дошт.

14. Эҳтироми сухани дигаронро ба ҷо биёр, аммо ҳаргиз дурўѓро рост магў.

 

15. Агар ин хислатҳоро надорӣ, пас худатро тарбия намо, тарбия ҳеҷ гоҳ дер намешавад!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД