formula
5 қарзи фарзанд дар назди падару модар
2057


Хонандаи доимии “Оила” ҳастам. Ин нашрияро бо аҳли хонавода мехонем. Чун фарзандонам саҳифаҳои тарбиявии нашрияро мехонанд, мехоҳам дар бораи эҳтироми волидайн аз назари Қурону шариат маълумот диҳед.

Гулшаной, н. Варзоб

Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ:

Ҷойгоҳи падару модар аз назари дини мубини ислом хеле баланд аст.
Якум.Эҳтироми волидайн ин итоати Аллоҳ таъоло ва расулуллоҳ (с) ба ҳисоб меравад. Аллоҳ фармудааст:«Ба инсон супориш кардем, ки ба падару модараш некӣ кунад». (Сураи Аҳқоф: 15).Ҳамчунин, Аллоҳ дар ояти дигар мефармояд: «Парвардигорат ҳукм кард, ки ҷуз Ӯро напарастед ва ба падару модар некӣ кунед. Агар яке аз онҳо ё ҳардуи онҳо назди ту ба синни пирӣ расанд, пас ба онон (ҳатто калимаи) уф магӯ ва бар онҳо овоз баланд макун ва бо эҳтиром ба онон сухан бигӯ. Ва аз рӯи меҳрубонӣ дар баробарашон фурӯтан бош ва бигӯ: "Парвардигоро, ҳамон гуна ки маро дар хурдӣ тарбия карданд, (Ту низ) ба онон раҳм кун"». (Сураи Исро: 23-24).
Дуввум. Итоати волидайн ва эҳтироми онҳо сабаби ворид шудан ба биҳишт аст. Инро аҳодиси набавӣ тасдиқ мекунанд.
Сеюм. Эҳтиром ва итоати волидайн сабаби улфат ва муҳаббат мебошад.
Чорум. Эҳтиром ва итоати волидайн шукру сипос барои онҳост, зеро онҳо сабабгори ба вуҷуд омадани шумо ба ин дунё мебошанд. Ҳамчунин сипосгузорӣ ба хотири тарбия ва парастории шумо дар хурдсолӣ мебошад.
Панҷум. Некӯӣ намудани фарзанд ба волидайни худ сабаб мегардад, ки фарзандонаш дар оянда ба ӯ некӯӣ намоянд. Аллоҳ фармудааст:«Оё подоши некӣ ҷуз некӣ аст?». (Сураи Раҳмон: 60).
Бинобар ин, хонандагони азиз, волидайнатонро эҳтиром кунед. Расули Худованд мефармояд, ки “Биҳишт зери қудуми модарон аст”.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД