sebiston july new
5 маҳсулоте, ки ба пӯсти равғанин зарар доранд
27.02.2022
Оила
1636

 

Пӯсти равғанин модарзод ба зан мерос мемонад ё бо сабаби сар задани тағйиротҳои ҳормонӣ, аз сар гузаронидани фишори руҳӣ, бемориҳо, тағйир ёфтани иқлим ва ғайраҳо ба вуҷуд меояд. Муҳим он нест, ки пӯсти шумо равғанин аст, муҳим он аст, ки барои беҳтар сохтани ҳолати он чӣ бояд кард? Бонувоне, ки пӯсти рӯяшон равғанин аст, бояд аз истеъмоли 5 маҳсулот худдорӣ намоянд.
Чарбҳо
Истеъмоли майонез, равғани растанӣ, маргарин ва дигар намуди равғанҳо барои бонувони пӯсташон равғанин манъ аст. Аслан маҳсулоти номбаршуда ба тамоми ҷисми инсон зарар дорад, вале пӯсти рӯй аз он зарари бештар мебинад.
Маҳсулоти ширӣ
Албатта худдорӣ намудан аз истеъмоли шир, яхмос, панирҳои навъи равғанин, фалла (творог), йогуртҳокори душвор аст ва мо низ пурра аз ин хӯрданиҳо худдорӣ карданро тавсия намедиҳем, балки дар истеъмолашон андозаро нигаҳ доштанатон лозим аст. Барои он ки зарари яке аз ин маҳсулотҳоро ба ҳолати пӯсти худ муайян намоед, истеъмоли ҳар кадоми онро бо навбат маҳдуд намоед.
Гӯшт
Гӯшти гов ва гӯшти гӯсфанд, ҳасибҳои гӯштин ба пӯсти равғанин фоида надоранд. Барои он ки зарари ин гӯштҳоро кам созед, баъзан гӯшти мурғ ва моҳӣ низ истеъмол кунед. Дар равғани бисёр бирён кардани гӯшт тавсия дода намешавад.
Шириниҳо
Шириниҳо яке аз сабабҳои сар задани мушкилоти пӯсти рӯй ҳастанд. Дар таркиби қанд сафедаи IGF-1 — ҳормони инсулинмонанд вуҷуд дорад, ки боиси ҷудошавии чарб дар пӯст мегардад. Агар шумо зиёд ширинӣ истеъмол намоед, пас чарб низ зиёд ҷудо мегардад, аз ин рӯ, дар сурати аз гӯшт ва шир худдорӣ кардан, вале истеъмоли шириниро давом додан шумо аз мушкилоти пӯсти худ эмин намемонед. Шириниро низ фаромӯш карданатон лозим аст.
Намак
Истеъмоли аз ҳад зиёди хӯрокҳои шӯр боиси беобшавии ҷисм мегардад, дар натиҷа ҷисм барои захира кардани об онро нигоҳ медорад. Таъсири онро дар варами таги чашм дида метавонед. Ҳамзамон пӯст низ барои муҳофизат “чораҷӯӣ” намуда, аз худ чарб мебарорад. Кӯшиш намоед, ки маҳсулоти очонидашуда, фаст-фуд, сабзавоти намакхӯрдаро камтар истеъмол намоед.
Дар байни маҳсулоте, ки истеъмолаш барои бонувони пӯсташон равғанин манъ аст, боз хӯрданиҳое вуҷуд доранд, ки ҳангоми пӯсти равғанин бояд тановул намуд. Масалан, сабзиҷот ва меваҳо аз қабили афлесун, карам, шафтолу, қаланфури булғорӣ ҷисми шуморо бо витамини С таъмин месозанд. Фаромӯш насозед, ки бо вуҷуди сар задани мушкилоти зиёд, пӯсти равғанин хеле дер пир мешавад: чину ожангҳо, доғҳои пигментӣ ва дигар тағйиротҳои синусолӣ дар пӯсти равғанин назар ба пӯсти хушку ва муътадил хеле дер пайдо мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД