formula
"Қарсак мезанем"-беҳтарин таронаи сол дар васфи табибон
3985

Наргис Шарифзода оҳангсоз ва таронанависи маъруфи тоҷик бо як таронаи навэҷоди худ дар васфи табибон тавонист дар интернет таваҷҷӯҳи миллионҳо нафарро ҷалб намояд.

Баъди нашр шудани таронааш дар ютубкнал бисёриҳо аз қабили ҳунармандон, журналистон ва шеърдӯстдорон баҳои баланд дода, ба Наргис офарин хонданд.
Наргис солиёни зиёд аст, ки бо овозхонҳои машуҳри кишвар ҳамкорӣ мекунад. Шинохтатарин ситораҳои эстрада аз қабили Шабнами Сурайё, Фариддуни Хуршед, Зулайхо Маҳмадшоева, Фарзонаи Хуршед, Нозияи Кароматулло, Фарангиси Дунё ва дигарон аз дафтари оҳангҳои Наргиси хушқаламу ширинсадо истифода намуда, байни мардум шинохта гардидаанд. Ин навбат ин бонуи тоҷик дар эҷодиёти худ ғами кулли табибони дунё, хусусан табибони тоҷикро хӯрда, барои арҷ гузоштан ба хидматҳои эшон навтарин таронаи худро таҳти унвони “Қарсак мезанем”бо ҳамдастии Аъзами Хуҷаста эҷод кардаву онро оҳанг баста, сурудааст. Даҳҳо рӯзноманигорони нуқтасанҷ ва корбарони шабакаҳои интернети аз роҳбарони шабакаҳои телевизионии давлати хоҳиши онро кардаанд, ки ин таронаро дар баробари суруди Фарҳоди Дарё , ки “Дар хона бимонед” унвон дорад, дар эфир пахш намоянд, то мардум ба кордониву зиракии духтурони кишвар дуои нек аз худованд талаб намоянд.
Ин ох,ангамро ба К,ах,рамонони Аср!💙🙌Табибони Точ,икистон ва Ч,ах,он мебахшам!

Наргис Шарифзода:
Дуогуи 🤲шумо тамоми Инсоният!🌍
Ай Фариштах,ои Бих,ишти!Табибон!💞👨‍⚕️👩‍⚕️
We Pray for you 🙏 Our Angels 😇

Точ,икистон!💗К,ави бош!✊

Сипос🙏аз х,амкори ба Устоди гиромик,адр Аъзам Хуҷаста ва додари сох,ибистеъдодам Бахтиёр Аксакалов
Камтарин амали неке,ки барои миллат метавонистем анч,ом бидих,ем,ин буд,ки кардем...🙏
P.S. Тарона бо шакли пуррааш х,унарманде,ки Ватанпарасти асил аст металабад,то бисароядаш..
https://mobile.facebook.com/story.php?story_fbid=246411346608777&id=100037197398134&_rdc=1&_rdr

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД