shoh palace
Арӯси бойбача малика мешавад ё канизак?
6228

Аксарияти духтарони муосир дар орзуи шавҳари бою бадавлат ҳастанд, ҳатто баъзе зебосанамҳо ошкоро мегӯянд:

-Маймун барин безеб бошад ҳам, ҷавон пул дошта бошад, бо ҷону дил занаш мешавам! Аз шавҳари хушрӯйи киссаканда чӣ фоида?!

Магар хушбахтӣ танҳо дар пулу мол аст? Оё марди пулдор тамоми орзуҳои занро амалӣ намуда метавонад? Арӯси бойбача зани занон мешавад ё канизаки хонаи шавҳар? Кашидани бори нози марди пулдор магар осон аст? Шавҳари пулдор ба ҳамсараш содиқу вафодор мемонад? Бо ин саволҳо мо ба чанд нафар роҳгузарони синну сол ва касбу корашон гуногун муроҷиат намудем.

Нарзулло Ҳабибов, савдогар:
Домоди гадо доштан намехоҳам!

Духтар шавҳари сарватманд дошта бошад, нуран алонур мешавад, чунки як умр шикамаш серу танаш пӯшида буда, падару модар дилпуранд, ки фарзандашон хору зор намешавад. Вой бар ҳоли духтароне, ки дар хонаи камбағал келин шуда, ҳамеша азоби гуруснагию ранҷи нодорӣ мекашанд. Духтаратро, ки ба бачаи камбағал ба шавҳар додӣ, натанҳо ӯро ба доми бало гирифтор мекунӣ, балки худат ҳам умре рӯзи хуш намебинӣ. Андешаи фарзандам ҳоло дар хонаи шавҳараш чӣ ҳол дошта бошад, намемонад, ки як дам нафаси осуда бикашӣ. Духтар дар хонаи шавҳари гадо рӯзҳоро бо гиря бегоҳ мекунаду падару модараш аз ғами ӯ бармаҳал пир мешаванд. Шахсан ман падари се духтари мактабхон ҳастам. Нозанинҳоям ҳоло мактабхонак бошанд ҳам, ба худ қавл додаам, ки ягон духтарамро ба бачаи камбағал намедиҳам. Пеш аз розигӣ додан аввал санҷидаю пурсида аниқ мекунам, ки оё домодшаванда хона, мошин ва ҷойи кор дорад ё не. Ҷавон ҳамин чизҳои оддиро надошта бошад, номаъқул карда зан мегирад?! Гумон накунед, ки ман аз пулдориам фахр карда ин гапҳоро мегӯям. Не, ин тавр нест! Ман худам чандин сол азобу ранҷи камбағалиро кашида, хорию зориҳои зиёдеро аз сар гузаронидаам, барои ҳамин намехоҳам, ки фарзандонам риштаи тақдирашонро бо ҷавони камбағал пайваста, хориҳои кашидаи ману модарашонро аз сар гузаронанд.

Марҷона, донишҷӯи ДМТ:
Бойдухтар зеби бачаи камбағал надорад

Албатта ҳамааш ба тақдиру насиби инсон вобаста аст. Худованд дар тақдират шавҳари бой навишта бошад, насиби бойбача мешавӣ, лекин риштаи умрат аз азал бо бачаи камбағал пайваст бошад, хоҳӣ-нахоҳӣ шӯйи камбағал мекунӣ, вале дар замони ҳозира албатта шавҳари сарватманд доштан беҳтар аст. Аслан, ҳар кас бояд ба кӯрпааш нигоҳ карда пояшро дароз кунад, бой зеби бой дораду гадо зеби гадо. Духтари қишлоқӣ бояд шавҳари деҳотӣ кунаду бачаи шаҳрӣ бо духтари шаҳрӣ издивоҷ намояд, чунки тарзи зиндагӣ ва тафаккурашон бо ҳамдигар наздик аст. Духтари камбағал дар хонаи бою бадавлат келин шавад, аздусар ба тарзи зиндагии онҳо сарфаҳм нарафта зери борони маломати пайвандони нозуктабъи шавҳараш мемонад. Ба ҳар кору кирдор ва рафтору гуфтораш эрод гирифта келинро асабонӣ мекунанд. Арӯси бечора то роҳу равиши зиндагии хонаи бойро меомӯзад, ки хандахариши мардум мешавад. Ҷавони камбағал ҳам барои бойдухтар ҷуфти муносиб нест, чунки назари духтари сарватманд бачаи камбағалро намегирад. Мабодо ягон бойбобо духтарашро ба бачаи камбағал ба занӣ диҳад ҳам, домоди бечора як умр зери таънаю маломати хешу табори ҳамсараш мемонад. Худо накарда гапаш бо занаш гурезад, дарҳол “акнун ту гадобачаи пойлуч ҳам забон баровардӣ” гӯён, таънасораш месозанд. Барои ҳамин хуб мешавад, ки ҳар кас ҷуфти ба худаш муносиб ёбад. Беҳуда нагуфтаанд:

Кунад ҳамҷинс бо ҳамҷинс парвоз,
Кабӯтар бо кабӯтар, боз бо боз!

 

Обида Раҳимова, сокини Варзоб:
Бойбача ҳаёти духтарамро сӯхт

Худо гӯед, ки духтари камбағал ба хонаи сарватмандон келин нашавад! Худо гӯед, ки ягон сарватманд хостгори духтари камбағал нашавад! Ман ин гапро аз таҷрибаи талхи худам мегӯям. Духтарам Розияҷон бисёр зебо аст, як бойбача ба ӯ ошиқ шуда, падару модарашро хостгорӣ фиристод. Худоро шукр гуфтем, ки фарзанди моро чунин оилаи бообрӯ талабгор гаштааст, вале хушбахтӣ дар пулу мол набудааст. Духтаракам дар хонаи шавҳараш тиллопеч бошад ҳам, ягон рӯзи хушро надид. Аз як тараф хушдоману аз ҷониби дигар хоҳаршӯйҳои катачааш дар сари духтарам чормағз мешикастанд. Ҳамеша “почакандаи чиркинак” гуфта, духтарамро мазоқу масхара мекардаанд. “Ба назди меҳмонҳо набаро, ту барин қишлоқиро келин карданамонро дида ба ҳоли мо механданд” гӯён, як кас аз дарашон дарояд, қайсингилҳояш намемондаанд, ки духтарам аз хонаи хоби худаш берун барояд. Хуни духтаракамро макиданд бойҳои беинсоф! Вақте ӯро талбон оварданд, Розия ҳама дарду ранҷи дилашро як ба як гуфта гиря кард. Рӯзи сиёҳи духтарамро дар хонаи бойҳо фаҳмида дигар намондам, ки пояшро ба он касофатхона монад. Хонаҳои дакадангашон аз сарашон монад! Ба ман пулу моли онҳо чӣ даркор, бигзор духтарам нони қоқ хӯраду хурсанду хушбахт бошад!

Ҳангома, хонашин:

Пулу мол имрӯз ҳаст, фардо нест

Хушбахтии ҳар инсон дар дасти худи ӯст, духтар босабру ботамкин бошад, новобаста аз он ки дар чӣ хел оила келин шудааст, хушбахт мешавад. Пулу мол имрӯз ҳаст, фардо нест, барои ҳамин духтар набояд танҳо ба хотири боигариаш ҷавонеро ҳамсафари зиндагӣ интихоб намояд. Омӯзед, фаҳмед, ки ҳамон бача ҳамчун инсон чӣ кас аст. Аз одаму одамгарӣ хабар дорад ё не? Бо қадри оилаю зан мерасад ё ҳавасбоз аст? Ана ин чизҳо дар зиндагӣ муҳиманд! Бисёр падару модарон фикр мекунанд, ки агар духтаронашонро ба оилаи бой диҳанд, албатта хушбахт мешавад, аммо на ҳама вақт чунин мешавад. Шавҳараш пулдор бошаду духтари шуморо одам ҳисоб накунад ва ба як пули пучак нагирад, вай ҳеҷ гоҳ худро хушбахт эҳсос намекунад! Ақлу фаросати ҷавонро дида духтар додан лозим, то фардо домод аробаи зиндагиашро худаш кашида тавонад ва барои фарзанди шумо шавҳари вафодору ёри якумра шавад. Аз ҳама беҳтараш ба духтар касбу ҳунар омӯзонидан аст, он гоҳ вай на ба шавҳари бадавлат муҳтоҷ мешавад на ба камбағал! Зан босавод бошад, намегузорад, ки шавҳараш ӯро зери по кунад, он гоҳ мард хоҳ пулдор бошад, хоҳ бепул маҷбур мешавад, ки эҳтироми ҳамсарашро ба ҷо биёрад ва қадамашро дониста гузорад!

Марворид, дӯзанда:

Дар ишқ шоҳу гадо як аст!

Духтару бача ҳамдигарро дӯст доранд, сарфи назар аз он ки кадомашон бою кадомашон камбағаланд, хушбахт мешаванд, чунки ишқ шоҳу гадоро дар як тахт мешинонад. Шахсан барои ман фарқ надорад, ки бойбача домоди падарам мешавад ё ягон бачаи камбағал, муҳимаш бачаи босавод бошад, ба қадри зиндагӣ расад ва эҳтироми волидонамро ба ҷо биёрад. Ман мисли баъзе духтарон дарҳол “хонаи алоҳида бигир, бо хушдоман зиндагӣ кардан намехоҳам” намегӯям, шавҳарам дар куҷое, ки худро хушбахт ҳис кунад, ҳамон ҷо барои ман ҳам биҳишт хоҳад буд. Ба фикрам духтар бояд ошиқи киссаи ҷавон не, ошиқи ақлу фаросати ӯ гашта, баъд ба бастани риштаи тақдираш бо мард розигӣ диҳад, вале аксари духтарҳои тоҷики мо ин чизро фикр накарда, ҳаёти худро бо дасти худашон месӯзанд. Аз минбари “Оила” ба духтарон гуфтаниям:

Ошиқатон камбағл, вале бачаи боақли аз иззату эҳтиром бохабар бошад, хостгорияшро қабул кунед дугонаҳои азиз, чунки пулу мол чирки даст аст. Бузургонамон “Ёр аҳл бошад, кор саҳл аст” гуфтаанд, зану шавҳар дар зиндагӣ аҳлу тифоқ ва ба ҳамдигар ғамхору вафодор бошанд, ҳардуяшон якҷоя кор карда, оҳиста-оҳиста соҳиби ҳама чиз мешаванд. Худованд аз ёри ноаҳл нигаҳ дорад!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД