formula
Асрори зебоӣ
30.01.2022
Оила
951

 

Косметикаи зимистона бояд чӣ гуна бошад?

Дар фасли сармо бояд аз косметикаи зимистона истифода бурд. Ҳар қадаре дар берун ҳаво сард бошад, ҳамон андоза бояд малҳаме, ки ба пӯсти рӯй мемолед, равғанину ғафстар бошад. Косметикаи зимистона бояд дорои моддаҳое бошад, ки пӯстро пардапӯш намуда, намнокиро нигоҳ дорад.

 

Витамин илова кунед

Барои муҳофизат намудани пӯст витаминҳои А ва Е хеле заруранд, зеро барои барқарор гаштани ҳуҷайраҳо мусоидат мекунанд. Косметикаи дорои витаминҳои мазкур дар дорухона фурӯхта мешавад. Ҳамзамон онро дар шакли капсула харидорӣ намуда, ба малҳами худ илова карда метавонед. Рафту пӯсти рӯятон сахт ҳассос бошад, қабл аз истифодабарӣ бо мутахассиси соҳа машварат намоед.

 

Бо оби ҷӯшида рӯй шӯед

Дар зимистон пӯсти рӯй хеле ҳассос мегардад, аз ин рӯ, зуд –зуд дар пӯст сурхиҳо пайдо мешавад. Аксаран мушкилоти мазкур на аз сабаби истифода бурдани косметика ё таъсироти беруна, балки аз таъсири оби муқаррарӣ сар зада метавонад. Аз ин рӯ, дар фасли зимистон бо оби ҷӯшида рӯй шуста, баъдан ба пӯсти рӯй малҳами таскинбахш молед.

 

Аз малҳаму балзам истифода баред

Дар ҳавои сард беҳтараш аз косметикаи малҳаммонанд истифода баред. Ҳамзамон истифодаи балзамро фаромӯш насозед, дар фасли зимистон истифодаи он хеле муҳим аст. Беҳтараш чунин косметикаро бо худ гардонида, ҳар ду соат пас истифода баред.

 

Пӯстро тоза кунед

Агар шумо коргар бошеду ҳамарӯза аз малҳам истифода мебурда бошед, дар давоми рӯз дар пӯсти рӯй моддаҳои нодаркор ҷамъ мешаванд. Дар зимистон ҷараёни поксозии пӯст хеле нозук аст, зеро сармо бе ин ҳам зараровар аст. Аз ин рӯ, шуморо лозим аст, ки аз маҳсулоти нармкунандаи косметикӣ истифода баред.

 

Нармсозии пӯст

Пӯсти рӯйро дар зимистон бояд аз пештара бештар нарм кард. Малҳаму ниқобҳои нармкунандаеро захира намоед, ки дар таркиби худ ҷавҳари гиалурон ва антиоксидант дошта бошанд. Рафту бо молидани малҳам ҳолати пӯстатон рӯ ба беҳбудӣ наорад, ба мутахассисони кошонаи ҳусн муроҷиат намоед.

 

Ниқобҳо барои мӯй

Дар зимистон мӯйҳо аз сармо зарари бештар мебинанду дар натиҷа хушку зудшикан мешаванд. Дар ин сурат, ниқобҳои барқароркунандаи мӯй ва балзамро ба кор бурдан лозим аст.

 

Мӯйро дуруст бояд шуст

Мӯйи сарро дар як ҳафта аз 2-3 маротиба зиёд нашӯед ва аз рангҳои мӯй сӯистифода накунед.

 

Сари луч нагардед

Боз як қоидаи муҳим дар ҳавои сарди зимистон рӯймол ё кулоҳ пушидан аст. Дар ҳавои сард рагҳои хунгарди пӯсти сар танг шуда, решаҳои мӯй ба таври зарурӣ ғизо намегиранду дан натиҷа ба рехтан медароянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД