Formula novemver 2024
Бо амри падар занатро талоқ диҳӣ, қабул мешавад?
805

 

Як рўз бо ҳамсарам ҷанҷол кардам. Ӯ дар бораи оилаи мо суханони нораво гуфт. Бародарам ҳарфҳои ӯро сабт карда, ба падару модарам додааст.

Падарам гуфт, ки агар талоқаш накунӣ, ман дигар туро намешиносам. Ман ҳам ба ҳамсарам гуфтам, ки “ҷавобатро додам”. Оё ин талоқ ҳисоб мешавад?

Ғайрат, ш. Турсунзода.

Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ

Бародари азиз, талоқ масъалаи бисёр нозук аст. Аз рӯйи нақле, ки шумо кардед, бо ин лафз ҳамсари шумо як талоқи боин шудааст, бо таҷдиди никоҳ ва пардохти маҳр ба ҳамсаратон метавонед зиндагиро идома диҳед. Вале ин масъаларо бояд таҳлил кард. Шумо беҳтар аст, бо ҳамсаратон ба Шӯрои уламои кишвар муроҷиат кунед. То қазияи шуморо уламо омӯхта, ҳақиқатро аз забони ду тараф шунида, баъдан хулоса барорад. Дар масъалаи талоқ бояд хеле эҳтиёткор буд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД