Arzon march 2024
БРАВО! ТАБИБИ ТОҶИК ПУЛИ ҲАҶАШРО БАРОИ МУБОРИЗА БО КОРОНАВИРУС ДОД!
1979

Як табиби 60 - сола аз қисмати ҷанубии Тоҷикистон пулҳояшро, ки солҳои дароз барои рафтан ба ҳаҷ ҷамъоварӣ карда буд, барои мубориза бурдан бо вируси корона бахшидааст.

Ширин Назирмадова солҳо боз барои рафтан ба хонаи Худо пул мекард ва ният дошт, ки имсол тавофи ҳаҷ кунад. Вале пас аз шунидани хабари барҳам додани маросими ҳаҷ барои зиёраткунандагони байналмилалӣ тавассути Арабистони Саудӣ дар соли ҷорӣ мақсад гузошт, то пасандозҳои худро барои мубориза бо вируси корона диҳад.

Ширин чанд сол боз табиб шуда, кор мекунад ва ҳамагӣ 150 доллар маош мегиад. Ӯ чанд сол заҳмат кашид, то 3 ҳазору 700 доллар ҷамъоварӣ кунаду имсол ба зиёрати Каъба равад. Аммо баъди қатъ шудани парвозҳои байналмилалӣ ӯ натавонист ин мақсадашро амалӣ кунад.

Табибзан гуфт, ки ба ҷойи он ки боз як соли дигар интизори кушода шудани роҳҳо ва рафтан ба ҳаҷ монад, беҳтар аст пулҳои пасандозкардаашро ба Беморхонаи маҳаллии ноҳияи Фархор диҳад. Ин беморхона барои харидани таҷҳизоти муҳофизати шахсӣ ва ниқобҳои тиббӣ барои кормандонашон, ҳамчунин доруҳои зиддивирусӣ аз ин пул истифода карда, аз ин амали ҳамкасбашон самимона истиқбол кардаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД