formula
Чаро мард аз зан мегурезад?
2857

 

Замоне ин мард ба шумо ошиқи зор буд ва мудом мисли соя аз пасатон мегашт, вале акнун роҳи гурез меҷӯяд? Шумо сабабҳои якбора гурезон шудани мардро фаҳмида наметавонед.

Боре андеша кардед, ки кадом рафторатон дили ин Маҷнуни сониро аз шумо хунук кард? 10 типи занҳое ҳастанд, ки мардон бо диданашон чун гург аз гулхани оташ мегурезанд. Мутаваҷҷеҳ бошед!

 Зан-шуллук

Ин тоифаи бонувон ҳар қадами мардро назорат карда, бо зангҳои пай дар паяшон ошиқонашонро ҷонбезор мекунанд. Зан-шуллук мехоҳад бо кадом роҳе, ки набошад, мардро ба худ моил кунонда, ҳамсари қонунии ӯ шавад.  Азбаски мард табиатан шикорчиву истилогар аст, аз шуллук барин ба гарданаш часпидани зан ба таҳлука афтида, роҳи гурез меҷӯяд.

Зан-малика

Бонувони ба навъи шоҳбону дохил мешуда пайваста аз марди худ меҳру муҳаббат ва туҳфаҳои гаронбаҳо мехоҳанд. Ин тоифаи хонумҳо бар он назаранд, ки мард бояд тамоми нозу нузи зани дӯстдоштаашро бардорад ва танҳо бо садои доираи ӯ рақсад, вале на ҳар мард тобу тоқати занкалон шуданро дорад.


Чаро мард аз зан мегурезад?

 


Зани серҷоғ

Аслан табиати зан чунин аст, ки хеле зиёд гап мезанад, вале бонувоне ки ба тоифаи занҳои серҷоғ дохил мешаванд, ягон лаҳза аз гапзанӣ намемонанд. Серҷоғии зан асаби мардро хароб месозад. Мард рӯзи дароз кор карда, сахт хаста мешавад ва ба хона баргашта, навозишу меҳрубонӣ мехоҳад, на вақ-вақи дилгиркунандаи занро шунида, бештар асабӣ шудан.

 Зани ҷанҷолӣ

Ин бону ба ҳама чиз хурдагирӣ карда, барқасд мавзӯҳоеро мавриди баҳс қарор медиҳад, ки боиси моҷарою ҷанҷол мегарданд. Бо чунин зан мард пайваста дар ҳоли асабоният қарор дорад. Мардони бафаҳм аз занҳои ҷанҷолӣ дурӣ меҷӯянд ва фаришта барин хушрӯй бошад ҳам, бонуи шаттоҳу ҷангараро ба занӣ намегиранд.

 Зани баландмаърифат

Бонуи дорои маърифати баланд ҳар лаҳзаву ҳар соат афзалияти худро нишон додан мехоҳад. Мабодо шумо аз ҷумлаи чунин бонувон бошед, вақти он расидааст, ки тағйир ёбед. Албатта мо гуфтанӣ нестем, ки ба хотири бахт шуда, аз худ галӯ бисозед, вале баъзан дар ҳузури мард ба лаб муҳри хомӯшӣ задан ба фоидаи зан аст.

 Зани гирёнчак

Ин тоифаи бонувон 24 соат дар як шабонарӯз аз зиндагии худ ва аз саломатиашон шиква карда, атрофиёнро дилгир мекунанд. Мардҳо фаҳмида наметавонанд, ки чаро зан пайваста аз зиндагӣ нолида, дар баробари ин, барои беҳтар сохтани он кӯшиш ба харҷ намедиҳанд.

 Зани мӯрчамиён

Ҳар як мард орзуи зани мӯрчамиён доштанро мекунад, вале бонувоне, ки ба хотири фарбеҳ нашудан худро бо парҳези шадид азият медиҳанд, мардонро ба даҳшат меоранд.

 Душмани хусуру хушдоман

Хусуру хушдоманатон чандон инсонҳои хуб набошанд ҳам, касе ба шумо ҳуқуқ намедиҳад, ки дар ҳузури шавҳаратон волидонашро  таҳқир намоед. Дар дил нисбати пайвандони ҳамсаратон алам ва кинаву адоват дошта бошед ҳам, беҳтараш хомӯш монед.

 Зани ошиқи кор

Маҷлису сафарҳои хизматӣ ва ҷаласаҳои кориро аз шавҳаратон боло медониста бошед, рӯзе ин мард тобу тоқати чунин бепарвоиро накарда, шуморо тарк менамояд. Фаромӯш накунед, ки мард бисёр мавҷуди худхоҳ аст ва ҳеҷ гоҳ дар ҷойи дуюм будан намехоҳад.

 Зан-маслиҳатчӣ

Як тоифаи бонувоне вуҷуд доранд, ки ба атрофиён маслиҳат додану дар рафъи мушкилашон саҳмгузор буданро вазифаи азалии худ мешуморанд. Ин бонувон бо маслиҳатҳои дилбазанашон ҷони мардро ба лабаш меоранд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД