shoh palace
Дарахти макри зан
3384

 

Аз кўдакӣ хондани асарҳои бадеиро дўст медоштам, дар бисёр асарҳо дар бораи макри зан мехондаму нависандаҳоро дар дили худ мазаммат мекардам, ки занҳоро бадном мекунанд. Наход дар дили нозуки як бону ин қадар нафрату кина ҷой гираду ба ин дараҷа маккора бошад, вале худам ба доми макри як зане дармондаму….

                             Муҳоҷират

Ману ҳамсарам ҳар ду муаллим будем, аз дори дунё як духтар доштем, зиндагиамон бад набуд, вале маслиҳат кардем то хонаҳои кўҳнаякамонро афтонда, хонаи дигар бунёд намоем. Духтарам низ калон мешуд, барои ба донишгоҳ дохил намудани ў пулу пайса даркор буд ва ман азми муҳољират кардам. Дар Русия хешу таборон, бародаронам муздурӣ мекарданд ва назди онҳо рафтам, соли аввал ба хонаам пул мефиристодам, вале…

Тариќи як шинос кори нав пайдо кардам ва дар хонаи як сарватманди рус боѓбон шудам. Маоши хуб мегирифтам, хӯҷаинам инсони боҳиммате буд ва дар иду љашнњо ғайри маош пул медод. Ин мард шаш нафар коргар дошт аз миллатҳои гуногун ва байнашон Ойтилло ном як зани узбеки самарқандӣ низ буд, ки кам-кам тоҷикиро медонист. Вазифаи Ойтилло тоза кардани хонаву дар ва атрофи он буд, хӯҷаин дар канори боғ барои хизматгорон ханаҷои алоҳида сохта буд, ки баъди адои хизмат он ҷо истироҳат мекарданд. Мо бо Ойтилло шиносҳои хуб шудем ва гоҳо якҷоя оши палав пухта, ҳамкоронамонро зиёфат медодем. Аҳли хонаводаам аз кори ман ризо буданду занам пули фиристодаамро ҷамъ мекард, ки чун худам ба қишлоқ равам, онро сарф карда, кору борамонро буд кунем..

Модари ман пас аз таваллуди ман вафот кардаасту маро бибии падариям ба воя расонида буд. Моиндарам ду духтару ду писар дошт ва бо ман мењрубон буд, падарам низ ҷавон аз олам рафт. ҳарчанд дигар дар хонаи падарӣ на бибиям буду на падарам, вале моиндарам маро зан дод. Занам дар хонаашон яккадухтар буд ва хусуру хушдоманам маро чун писари худашон хонадомод карданд. Пас аз панљ соли тўйи мо хусуру хушдоманам ба ноҳияи дигар ба тўй мерафтанд, ки дар роҳ ба садамаи нақлиётӣ гирифтор шуду вафот карданд. Ману ҳамсарам ду сағира ба ҳам хеле меҳрубон будем, вале…

                                 Ишқи нав

Боре сахт бемор шудам, зукоми шадид маро аз пой афтонд ва Ойтилло як моҳи дароз то ба по хестанам маро нигоҳубин кард. Хўрокҳои серғизо, доруворӣ, ҳама чизро мўҳайё карда, худаш қатраву сўзандору мегузаронид. Ва ман эҳсос кардам, ки ба ин зани сабзинаи харобаки мењнатӣ дил бастам…

Чун ошиқ шуданамро ба ў гуфтам, Ойтилло гуфт, ки ман дар ватан ду духтарак дораму ба хотири соњиби як хонаяк шудан ин ҷо омадам. Шавҳарам зани дигарро пазируфта, аз баҳри ман гузашт, ман ба хонаи падарӣ баргаштам. Падару бародаронам, ки зиндагии миёна доранд, як бало карда, бароям як порча замин хариданд ва ман бояд он ҷо хонаяке бунёд намоям. Ту дар ватанат зану фарзанд дорӣ ва ин ишқ барои мо хушнудие намеорад, вале ман ўро розӣ кардам. Акнун ман шабу рўз бо Ойтилло будаму пули ёфтаамро ба ў медодам, ин зани дар навозиш усто маро девона кард. Дигар ман аз хатти кашидааш як қадам берун по намемондам. Хона, зану духтарам аз хотирам баромада буданд. Кор то ҷое расид, ки додарам ба ҷустуҷўйи ман омад, чун аз ҳақиқати ҳол огоҳ гашт, бо ман ҷанг кард. Ман сари қаҳр ба ў гуфтам, ки ту ба ман кӣ њастӣ, як додари угай ва ҳақи насиҳат кадани маро надорӣ! Ў бо нафрат ба ман нигаристу гуфт:

-Майлаш, ман то метавонам зану духтари туро нигоҳубин мекунам, вале ту як рўз хору зор мешавӣ!

Маро парвои касе набуд, ҳушу ёдам банди Ойтилло буд…

 

                         Шартҳои Ойтилло

Ойтилло чун дид, ки ман пурра зери доираи ў рақс мекунам, пеши ман шартҳои ҳархела гузоштан гирифту ман низ не нагуфта, аз пайи иҷрои онҳо мешудам. Бояд бигўям, ки ҳамсарам хеле зани боѓурур буд ва зиёд мехост барои волидайни беписараш нақши писарро иҷро кунад, аз ин рў, характери мардона дошт. Шояд додарам дар бораи ман ба ў чизе гуфт, ки дигар умуман ба ман занг намезад ва ман ҳам пурра ба доми Ойтилло афтида, онҳоро суроғ намекардам.

Ойтилло бо меҳрубонӣ дили маро ёфта гуфт, ки биё дар Самарқанд хонаи маро месозем ва он ҷо рафта, зиндагӣ мекунем. Он вақтҳо шаҳрвандии Узбекистонро гирифтан ғайриимкон бошад ҳам, ин зан дили маро пур кард, ки ин мушкилро ба воситаи шиносҳоям ҳал мекунам. ҳамин тавр, мо ду нафар шабу рўз кор карда, дар Самарқанд барои Ойтилло хона не, қаср бунёд намудем. Дар ин миён занам, акнун мо никоҳи мусулмонӣ доштем, хонаашон рафта меомад ва ман дар ду-се моҳи он ҷо буданаш маошамро пура ба вай мефиристодам. Хонаҳо тайёр шуданд, як соли дигар барои ҷиҳозониданашон кор кардем ва Ойтилло бо ваъдаи ман мераваму ту аз қафоям биё рафту дигар на ба зангҳоям ҷавоб медоду на худаш занг мезад. Диламро сагон тала мекарданд, намедонистам сарамро ба куҷо занам. Ду моҳ тоқат карда, кор кардаму билет харида, ба Узбекистон рафтам. Бо азобҳои зиёд ноҳияву хонаи Ойтиллоро ёфтам, хайрият баъзе чекҳои пул фиристодагиям буданд. Пеши дарвозаи нақшини бошукўҳ таксӣ қарор гирифт, ман дарвоза ва хонаро шинохтам, зеро расмҳои онро устоҳо ба Ойтилло мефиристоданд.

                                 Даюс

Занги дарро задаму онро ба рўям як марди қоматбаланди сиёҳҷурда кушод. Салом додаму бо забони узбекӣ, ки акнун бо он равон ҳарф мезадам, Ойтиллоро пурсидам.

-Ойтилло дар санатория, ба наздикӣ духтарамонро ба шавҳар додему он кас сахт монда шуданд, дамгирӣ рафтанд.

-Шумо кӣ?- Пурсид мард…

-Ман шавҳараш…

-Чӣ хел шавҳараш, ман бо Ойтилло бисту панҷ сол боз як љо зиндагӣ дорем,- гуфт мард бо як асабоният. Ман намедонам шумо чанд сол боз зиндагӣ доред, вале аз нисф зиёди пули ана ҳамин қасрро ман пардохт намудам.

Мард аз каштали ман ба як чобукӣ гирифта, маро аз дар дарун карду гуфт:

-Паспортатро дењ,- ман шиносномаамро ба ў дароз кардам, ў гуфт:-Гўш кун, тоҷик, ана ин ҷо навишта шудааст, ки зани ту кист?! Баъд бо раҳи омадаат ақиб гард, ки ҳозир мекушамат ва мурдаатро дар ҳољатхона мепартоям, ҳиҷ кӣ суроғат намекунад.

Ростӣ, натарсидам, вале хориям омад, ки ба тори фанди як зани бешараф хеле осон гирифтор шудаму аз зани ҳалолу духтари ягонаам ҷудо гаштам. Бо шавҳари даюси «занам» хайру хушро насия гузошта баргаштам…

Аз ин воқеа дањ сол гузашт, вале рўям намешавад ба ватан баргардам, аз ҳамватанон мешунавам, ки духтарам донишҷў шудааст. Занам худаш ба Русия мардикорӣ омада, хонаву дари нав сохтааст, додаронам низ аз ман рўй гардондаанд. Ман ҳоло ҳам дар хонаи ҳамон марди сарватманд боғбонам. Пули ёфтаамро ҷамъ мекунам барои ягон рўзи мабодо, зеро чанд бор ба занам пул фиристодам ва ў пулҳоямро баргашта фиристод…

Ана ҳамин хел, дўстони азиз, беҳуда нагуфтаанд:

Дарахти макри зан сад реша дорад.

Фалак аз дасти зан андеша дорад

Муҳаммадалӣ, аз Русия

                                                                              Таснифи Нисо

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД