Arzon march 2024
ДАРГУЗАШТИ РӮЗНОМАНИГОР АЗ БЕМОРИИ МОНАНД БА "ИЛТИҲОБИ ШУШ"
2583

Мавлуда Рофиева, хабарнигори Оҷонси иттилоотии Asia - Plus ва роҳбари дафтари Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) дар вилояти Суғд дирӯз дар синни 57 - солагӣ аз олам даргузашт

Ба гуфти ҳамкоронаш ӯ чанд рӯзи охир аз бемории монанд ба "илтиҳоби шуш" ранҷ мекашид.

"Аз рӯзи 30 сентябр ба ин тараф бо сабаби беморӣ ба кор набаромада буданд. Ахиран, санаи 7 - уми октябр телефонӣ суҳбат доштем ва аз дарди гулу шикоят мекарданд. Мегуфтанд, ки аз рӯзи душанбеи ҳафтаи ҷорӣ ба кор мебароянд, Аммо имрӯз бандагӣ кардаанд. Мо ба ҳамаи ҳамкасбону пайвандонашон изҳори тасаллият арз мекунем", - гуфт Муҳаббат Ҷӯраева.

Мавлуда Рофиева аз рӯзноманигорони фаъол дар вилояти Суғд буд, ки дар инъикоси саривақтии ахбори муҳими минтақаи шимоли кишвар саҳми басо назаррас дошт. Хабарҳои марбут ба баҳсҳои марзиро пайваста дунболагирӣ мекард. Ӯ аз рӯзноманигорони фаъоле буд, ки бевосита ҷараёни музокироти ҷонибҳо дар ҳалли масъалаи марз миёни Тоҷикистон бо Қирғизистонро бозтоб менамуд.

Мавлуда Рофиева 30 декабри соли 1963 дар шаҳраки Адрасмон таваллуд шудааст. Ҳудуди 20 сол боз ба ҳайси хабарнигори Агентии иттилоотии Asia-Plus дар вилояти Суғд фаъолият дошт. Рофиева ҳамчунин, роҳбари дафтари Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ё НАНСМИТ дар Суғд кор мекард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД