formula
Духтари мулло шавҳари аммаашро гирифт
02.06.2022
ДИЛОШӮБ
3337

 

Ман дар дењот ба дунё омадаам, агар номи зодгоњамро ифшо созам, шумо каме њам бошад, дар бораи зиндагии ман тасаввурот пайдо хоњед кард, зеро њама мардуми кишвар њамдиёрони маро дар роњи дин сахт, яъне диндору мулло мегўянд. Аслан мардуми музофоти мо низ аз дигар тољикон фарќе надоранд, њарчанд занонамон њама бо рўймоли калону мардонамон бошад, аксаран бо ришу саллаю тоќї мегарданд, вале….

Новобаста аз сохтору дину мазњаб љавонї љавонист ва мо духтарони ин дењаи кўњистон байни њам дўстї меварзидему орзуњои зиёде доштем. Ман бештар бо духтари њамсояамон Олиња як љо будему атрофиён моро дугонањои љонї мегуфтанд. Мо якљоя мактаб мерафтем, баъди дарс дар боѓи пушти њавлии Муллосаиди падари Олиња ба бозї машѓул мешудем. Оњиста-оњиста ќад кашида, аз духтаракони жулидамўйи беќарор ба љавондухтарони зебои њунарманд мубаддал гаштем. Худовандро шукрона мекардем, ки њукуматдорон издивољро аз синни њаждањсолагї ќонунї карданду мо хонданро дар мактаб идома додем, вагарна аксарияти духтарони мањалларо аз синфи нўњ гирифта, ба шавњар медоданд. Дар мавзее, ки мо зиндагї мекардем, мањфуми маълумоти олї ва соњибкасб шудан умуман вуљуд надошт. Дар мактаби мо њамагї чор зани маълумоти олидор буданд, ки онњоро шавњаронашон ба ин љо оварда буданд. Љавонони ќишлоќи мо ба хондан рафта, ба ќавле аз он љо зан овардаанд. Мардум ба раиси љамоат апаи Анорхол, директори мактаб муаллима Каромат ва муаллимањо Нилуфару Ќурбоной њурмати беандоза дошта бошанд њам, аз чї бошад, намехостанд фарзандонашон хонда, маълумоти олї гиранд…

                              Эњ љавонї…

Ману Олиња њамин, ки танњо мондем, дар бораи ояндаи худ ва орзуњоямон розгўї мекардем. Ман љуръат карда мегуфтам, ки мехоњам мисли духтари раиси љамоат Динора ба мактаби духтурї даромада хонам, вале Олиња њатто аз орзуи тањсил кардан метарсид ва мегуфт:

- Муллосаиди номдор њаргиз намехоњад, Олињаи ягонааш, равшании хонааш бе сатр шуда, ба шањр раваду тањсил кунад. Падари ту њам… Чор апаат, њатто бародари ягонаат маълумоти олї надораду ту ѓилдирак духтур мешавї?! -Мо ба орзуњои хоми худ механдидему Худоро зора мекардем, ки шавњарони хуберо дар насибамон навишта гардонад. Танњо ман як сири пинњоне доштам, ки онро њатто ба дугонаи бењтаринам низ намегуфтам, аз кушодашавии он чунон тарс доштам, ки…

Олиња бошад, бо мењр дар бораи њамсинфамон Бахтовар сухан мегуфт, баъзан рубоињои навиштаашро дар бораи ў ба ман мехонд. Бахтовар воќеан љавони зебо, хушсухан ва аълочї буд ва оянда милиса шудан мехост, аммо аз ишќи духтари мулло хабар надошт. Аммо ман…

                               Асрори дил

Ман бори аввал садои зангӯлаи ширини ишќи аввалро тавъам бо садои занги аввал дар мактаб эњсос кардам. Мо ба синфи дањ гузаштем, дар мањфили занги аввал хонандаи синфи 11- Фаррух, писари раиси љамоат апаи Анорхол љиянчаи ман Сабоњатро, ки ба синфи 1-ум омада буд, болои китфаш бардошта, занги аввалро зад. Сабоњат аз баландињо маро дида, бо хушнудї «аммаљон» гўён, нидо карду Фаррух низ беихтиёр ба ман нигарист, чашмонаш ба чашмони ман афтиданду дилам дар сина чун кабӯтари нимбисмил тапар-тапар кардан гирифт. Њамин тавр сар шуд ишќ аз нигоњи аввал, баъдњо мо ба њамдигар мактуб менавиштем…

Ёд дорам, дар синф навбатчї будаму њама њамсинфонам ба дарси варзиш рафта буданд, њамин дам Фаррух вориди синф гашту мактуберо ба дастам дод. Дар мактуб љавон ба ман изњори ишќ намуда, навишта буд, ки љавоби онро ба зери санги кабуди дар назди боѓи мактаббуда гузорам. Ман низ чунин кардам, мо дар номањои ошиќонаамон номи якдигарро наменавиштем, то ба дасти касе њам афтад, аз кї буданашро нафањманд, њамин тавр баъди як соли номабозињо танњо як шаб бо њам вохўрдем, шабе, ки Фаррухи ман барои хондан ба шањр мерафт. Ман тарсу бимро як тараф гузошта, ба зери маљнунбеди лаби чашмаи дења рафта, бо азизи дилам вохўрдам. Фаррух бо илтиљо гуфт:

- Райњонаљон, баъд аз хатми синфи 11 як солаки дигар маро мунтазир шав, њамин, ки ба курси сеюм гузаштам, тўй мекунем ва туро ба шањр бурд,а ба мактаби олии дилхоњат дохил мекунам. Ман ваъда додам, аммо инро ѓайри ману Фаррух, Худо, беди маљнуну чашмаи Зањро касе намедонист…

 

                       Тўйи бедомод

Аммањои Олиња дар пойтахт зиндагї мекарданд ва њар гоњи омадани онњо падараш гӯсфанд кушта, ба шарафи омадани хоњаронаш зиёфат меорост. Ман њам дар ин рўзњо ба Олиња ёрї дода, барои мењмонон, ќандина, самбӯса ва њар гуна ширинињои дигар мепухтем. Олиња се амма дошта бошад њам, вале њамеша дар бораи зиндагии шоњонаи аммаи хурдияш, ки зани сеюми як њољии тољир буд, бо завќ наќлњо мекард. Ман њељ фањмида наметавонистам, ки чї гуна зани сеюм шуда, хушбахт будан мумкин аст? Ин њайрати маро дида, дугонаам мегуфт:

- Ба Худо ту девонаї! Шавњари аммаам Њољї Аёмшо заводи шахсии тилло дорад, барои аммаам дар Душанбе хонаи чорошёнаи боњашаммат сохтааст. Аммаам савори мошини садњазордоллара мегардаду писаронаш дар Англияву Дубай мехонанд, се бор њаљљи акбар кардааст, чандин магазин дораду ба тиљорат машѓул аст. Ба падарам дарза- дарза доллар медињад, магазинњои дар маркази ноњия доштаи бародаронамро низ њамин аммаам харида додааст… Мо мактабро хатм кардему ана њамин аммаи Олиња мењмони онњо шуд, дугонаам ба љону њолам намонда, маро бо аммааш шинос кард. Љавонзани соњибљамоли сар то по сафедпўш, он ќадар ба гўшу гардан ва дастонаш тилло овехта буд, ки гумон мекардӣ маникени магазини тиллофурӯшист.

Омадани аммаи тиллоии дугонаам бењикмат набудаасту баъди тамом шудани имтињонњо Олињаро тӯй карда, ба пойтахт бурдаанд, амааш ўро ба яке аз наздикони шавњараш хостгорї омада будааст. Аљибаш он буд, домод барои бурдани арўс наомад, Олињаро аммањояш тўйи бошукўње ороста, арўс карда бурданд ва ба мардум гуфтанд, ки домод дар сафар асту танњо пагоњ ба Душанбе меояд, вале...

(Давом дорад)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД