formula
Дуо кардан бо забони англисӣ ҷоиз аст?
692


Ман як духтари тоҷики мусалмон ҳастам. Бо хости Худо барои таҳсил ба Кипр рафтаму бо як ҷавони амрикоӣ шинос ва дар натиҷаи оила барпо кардам.

Томсон – шавҳарам ба хотири ман дини исломро пазируфт ва дар Тоҷикистон тариқи ҷарроҳӣ хатна ҳам шуд. Феълан ба дини ислом дил бохта, аз пайи омӯзиши Қуръон аст. Оё ӯ метавонад дуоҳоро бо забони англисӣ хонад?
Сабрина, зодаи Душанбе, муқими Сан-Хосеи ИМА.

       Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Хоҳари азиз, чӣ хуб аст, ки шавҳари шумо дини мубини исломро пазируфтаанд. Хуш ба ҳоли эшон ва хуш ба ҳоли шумо, ки аз азизтарин бандаҳои Худованд ҳастед. Мо дуо мекунем, ки оилаи шумо хушбахт ва фарзандонатон солеҳ ба воя бирасанд.
Дар мавриди саволатон. Дуо кардан бо забони англисӣ ва бо забонҳои дигар дар беруни намоз ҷоиз аст. Барои мисол дар сари дастурхон, фотеҳа ва ҳар лаҳзаи дигар. Вале дар даруни намоз беҳтар аст, ки бо забони арабӣ дуо хонда шавад. Агар шавҳари шумо ояву сураҳоро азёд карда бошад, аз худ кардани чанд дуои намоз душвор нест. Кӯшиш кунад, Худованд подоши заҳматҳояшро медиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД