arzon replenishment
ГӮШТИ МОР КАСАЛИИ САРАТОНРО ДАВО МЕБАХШАД?
4295

 

Морҳо хазандаҳои аз ҳама хатарнок ба шумор мераванд, зеро заҳри мор метавонад инсонро аз беҳтарин неъмати илоҳӣ-ҳаёт маҳрум созад. Андешае дар байни мардум роиҷ аст, ки гӯшти мор бисёр фоиданок буда, одамро аз бисёр касалиҳо, ҳатто аз бемории саратон наҷот медиҳад. Маҳз аз ҳамин хотир баъзе одамон далери шуҷоъ ҷони худро ба хатар гузоштаба шикори мор машғул мешаванд.

Мардуми Чин бар он андешаанд, ки шӯрбо аз гӯшти морҳои заҳрнок хусусиятҳои махсуси шифоӣдорад. Дар Гонконг беш аз сад сол боз тарабхонаҳое арзи ҳастӣдоранд, ки аз гӯшти мор шӯрбо мепазанд. Ошпазҳои ин тарабхонаҳоро «шоҳони морҳо» меноманд. Дар як рӯз таббохони хитоӣто ҳазор порс шӯрбои аз гӯшти мор пухташударо бо нархи 4,5 доллар мефурӯшанд. Дар арафаи соли мор хоҳишмандони ин намуди шӯрбо даҳчанд меафзояд. Бояд гуфт, ки рӯз ба рӯз мор кам шуда, мағозаҳои фурӯши ин намуди гӯшт маҳкам мешавад. Ҷавонмардон аз сару кор гирифтан бо хазандаҳои хатарнок метарсанд, бар замми ин, шикори мор чандон музди калоне надорад, ки ба хотири он одам ҷонашро дар хатар гузорад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД