Arzon march 2024
ХИËНАТ (Қисми 5)
4907

- Фирӯза ба ту чӣ шуд? Рафторат тағир ёфтааст. Ягон гап шуд?
- Ҳа шуд,- гиряолуд гуфт Фирӯза.
- Хайр гап зан, чӣ шудааст?
- Назди он сабукпо будед?
- Нафаҳмидам...
- Шумо фикр мекунед, ки ман аз ҳеҷ чиз хабар надорам?!
- Туро намефаҳмам, дар бораи кӣ гап мезанӣ?
- Нав дар телеграм навиштед - ку.
- Ту инро аз куҷо фаҳмидӣ?
- Аз Шумо ин гуна умед надоштам!
- Ту хато фаҳмидӣ, вай ман набудам.
- Медонам кӣ буд. Равед, дигар ба чашмонам нанамоед!- Фирӯза ҳунгосзанон ба хонаи дигар даромада, дарро аз дарун маҳкам кард.
хххххххххххххххх
- Фирӯза, ҳо Фирӯза!
- Лаббай аппаи Фотима!
-Фаррух хубед? Фирӯза дар куҷост. Як бор омада модарамро бинад. Фишораш баланд шудааст.
- Фирӯза дар куҷоӣ?
- Лаббай Фаррух!
-Рафта як бор аппаи Фотимаро бин, модараш бетоб шудааст.
- Хуб шудааст, ҳозир мебароям.
Фирӯза телефонро хомӯш накарда болои диван гузошт ва саросема баромада рафт.
Баъди баромадани Фирӯза Фаррух барои дам гирифтан ба хонааш даромад. Телефони худро ба қуввагирак гузошту худро хастаҳолона рӯйи диван партофт. Эҳсос кард, ки чизе дар тагаш мондааст, зуд бархоста дид, ки телефони Фирӯза аст.
Аслан Фаррух ҳаргиз телефони занашро намекофт, чунки ба Фирӯза боварии зиёд дошт. Вай ҳатто коди телефони ӯро намедонист, вале аз чӣ сабаб бошад, ки ҳисси кунҷкобиаш боло гирифту ба тафтиш кардани телефони ҳамсараш сар кард. Фирӯза ҳатто интернетро ҳам накушта буд. Нохост ба телефони ҳамсараш паёмаке омад.
- Асали да ҷонам!
-Фаррух аввал ҳеҷ чизеро нафаҳмид. Кӣ навиштааст? Барои чӣ навиштааст? Ба ҳеҷ чиз ақлаш намерасид. Баъд ба хондани паёмакҳои қаблӣ оғоз кард.
- Шавҳарат дар куҷост?
- Куҷо мешуд, дар кор аст.
- Эҳ… Ҳозир кош дар наздат мебудам…
Дар телефон ин қадар расмҳои баду гапҳои ногуфтанӣ буд, ки ин ҳама ба дили Фаррух мисли ханҷар расид. Вай давоми паёмакро хонда натавонист. Ҷавон акнун мисли ҳезуми тар дарун ба дарун месӯхт. Ӯ хеле Фирӯзаро кофту наёфт ва аз кӯча ба як мошин савор шуда рафт.
хххххххххххххххх
Фирӯза баъди андак вақт омад.
- Фаррух дар куҷоед? – садо кард арӯсак, аммо ҷавобе нашунид.
Фирӯза Фаррухро аз ҳеҷ куҷо ёфта натавонист. Ба хона даромада дид, ки телефони худаш нест, аммо телефони шавҳараш дар боли миз дар қуввадиҳак васл шуда буд.
Фирӯзаро мисле, ки барқ зада бошад, якбора аз ҷояш як қад парид. Вай сарашро қаппида боз ба кофтани Фаррух даромад, аммо ӯро аз ҳеҷ куҷо наёфт. Чораи дигар наёфта, аз телефони Фаррух ба рақамҳои худаш занг зад, аммо Фаррух телефонро намебардошт. Фирӯза бо дастони ларзон “ҳаммааш тамом, акнун чӣ кор мекунам? Шарманда шудам, волидонам фаҳманд, маро оқ мекунанд. Акаам фаҳмад, аниқ маро мекушад” гӯян, хун мегирист.
-Фирӯза тинҷӣ аст, духтарам, чаро гиря мекунед? - дилсӯзона пурсид хушдоманаш.
Фирӯза чӣ гуфтанашро надониста, баҳона пеш овард, ки падарашро ёд кардааст. Хушдоманаш “ ёд карда бошед, хезед рафта як хабар гирифта биёед. Наход барои ҳамин гиря кунед?” гӯён, ба ӯ иҷозати рафтан дод.
- Охир… Фаррух…
-Ман худам ҳамаашро ба вай мефаҳмонам.
Фирӯза аз хона баромад, вале дудила буд, ки ба хонаи волиднаш равад ё не. Метарсид, ки Фаррух ҳамон ҷо асту ҳамаашро ба падару модараш гуфтааст.
Ҳамин тавр бо ҳазор фикру хаёл ба хонаашон расид, вале чун вориди хона гашт, дид, ки ягон ҳодиса рух надодааст. Волидонаш ӯро хушу хурсандона пешвоз гирифтанд.
ххххххххх
- Модар Фирӯза дар куҷост?
- Ҳозир меояд, ба хонаи модараш рафт.
- Чаро иҷозат додед, ки равад!
-Чӣ гап, тинҷӣ аст? Чаро дод мезанӣ? Дидам, ки гиря карда нишастааст, иҷозат додам, ки аҳли оилаашро рафта бинад.
Фаррух як хандаи истеҳзоомез карду бо ду дасташ сарашро маҳкам дошт.
- Чӣ гап худаш?
- Ҳеҷ гап нест модарҷон.
- Ин қадар ба ҳамсарат дод назан, охир ӯ ҳомиладор аст.
- Хуб - хуб модарҷон.
- Баъди андак вақт Фирӯза ба хонаи шавҳараш омад. Ӯ вориди утоқи Фаррух шуду…
(Давом дорад)
Абдуғаффор Шодиев
( Тарҷума аз ӯзбекӣ)

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Муслима 2021-12-30, 17:14
Кисматхои аввалашро пайдо накардам
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Муслима 2021-12-30, 17:14
Кисматхои аввалашро пайдо накардам
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД