shoh palace
КОРОНАВИРУС ҶОНИ БОЗ ЯК ИНСОНРО РАБУД
4650

Тибқи хабарҳои охирини вазорати тандурстӣ шабонарӯзи гузашта, 4 июл дар кишвар як ҳолати марг ва 28 ҳолати нави гирифторшавӣ аз бемории “КОВИД 19” ба қайд гирифта шудааст.

Тавре Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки давоми шабонарӯзи охир дар мамлакат 28 ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории  коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда,  19  нафар  баъда аз муолиҷа шифо ёфтаанд. Ҳамунин манбаъ қайд кардааст, ки дар ин давом як нафар аз ин беморӣ фавтидааст.

Дар маҷмӯъ то санаи 4 июл дар Тҷыикистон 13597 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора 13365 нафар (98,3%) шифо ёфтаанд. Шумораи қурбониёни коронавирус ба 93 нафар расидааст.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ қоидаҳои пешгирикунандаи бемории коронавирусро қатъиян риоя намоянд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД