Arzon march 2024
КОРОНАВИРУС ШАВҲАРИ ХУРШЕДАРО АЗ БАЙН РАБУРД
3897


Қурбон Холов раққоси халқӣ ва ҳамсари Хуршеда Холова, ки ҳамагӣ 54-сол умр дошт, аз бемории коронавирус даргузашт.

Қурбон Холов, шавҳари раққосаи номии Тоҷикистон - Хуршеда Холова дар Душанбе аз олам чашм пӯшидааст. Sputnik иллати марги Қурбон Холовро бемории коронавирус маънидод менамояд.

Аз рӯйи нақли пайвандони марҳум, чанд рӯз пеш ӯ бо нишонаҳои коронавирус дар бемористон бистарӣ шуда, ду рӯзи охир ҳолаташ якбра вазнин шудааст. Ба гуфтаи писараш, марҳум аз ин беморӣ сахт дар ҳарос будааст ва вақте табибон ташхисашро маълум кардаанд, аҳволаш якбора бад шуда, билохира зиндагиро падруд гуфт.

Қурбон Холов соли 1967 дар ноҳияи Ёвон таваллуд шуда, фаъолияти меҳнатияшро дар Ансамбли давлатии рақсии "Лола" оғоз намудааст, сипас ӯ ҳамчун ҳунарманд дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва дар гурӯҳҳои бисёри рақсӣ кор кард. Солҳои охир Қурбон Холов ба ҳайси балетмейстер дар коллективи "Базморо" - и Вазорати фарҳанги Тоҷикистон адои вазифа менамуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД