Sebiston new 2024 october
Марди рус дар масҷид имом шавад, ҷоиз аст?
825

Марди рус дар масҷид имом шавад, ҷоиз аст?

Як дӯсти ман, ки миллаташ рус аст, чанд сол қабл дини Исломро қабул кард. Ӯ бо мо дар як сохтмон кор мекунад ва гоҳ-гоҳе дар намозҳои ҷамоат, ки якҷо мехонем, имоматӣ мекунад. Чанд рӯз пеш як нафар аз Тоҷикистон омад ва гуфт, ки марди хатнанашуда ҳуқуқи имоматиро дар намоз надорад. Оё ин дуруст аст?
Самариддин, муҳоҷир, ш. Екатеринбург.

Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ:

Хатна яке аз суннатҳои фитрат барои мардон аст. Агар онро пас аз бузургсол шудан анҷом надиҳад, ҳеҷ боке надорад. Имоматии марди хатнанашуда дуруст аст. Шумо метавонед аз пушти он нафар намоз гузоред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД