Arzon march 2024
Масҷиди калонтарин дар Тоҷикистон кушода мешавад!
696

Дар назар аст, ки масҷиди калонтарини Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони давлатҳои Тоҷикистону Қатар рӯзи 8-уми июн соли ҷорӣ расман кушода шавад. Дар ин бора ду манбаъ аз Кумитаи дин ва Шӯрои уламо ба сомонаи "Оила" хабар дод.

Ҳанӯз дар нишасти матбуотии моҳи феврали соли ҷорӣ Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим гуфта буд, ки ин масҷид дар семоҳаи дуюми соли равон кушода мешавад.

Масҷиди марказӣ бузургтарин масҷид дар Тоҷикистон ва дуюмин масҷид дар Осиёи Миёна мебошад, ки дар як вақт беш аз 100 ҳазор нафар намоз мегузорад. Сохтмони масҷид аз моҳи октябри соли 2011 оғоз гардида, 8 сол идома ёфт. Ин масҷид бо маблағгузории давлати Қатар дар маркази шаҳри Душанбе сохта шуда буд. Арзиши лоиҳа қариб 100 млн. доллар арзёбӣ шуда, 30 млн. долларашро давлати Тоҷикистон ва маблағи боқимондаро давлати Қатар пардохт кардааст.

Масоҳати масҷид 12 гектарро ташкил дода, аз ҷои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон, биноҳои маъмурӣ, ошхона ва таваққуфгоҳ барои 4 ҳазор мошин иборат аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД