arzon replenishment
Никоҳи зани мусалмон бо марди ғайри мусалмон равост?
549

 

Салом! Ман духтари 23- солаам ва дар Олмон таҳсил мекунам. Ҷавоне аз Швейтсария мехоҳад, ки бо ман оиладор шавад, вале ӯ дини исломро қабул карданӣ нест. 

Мехоҳам донам, мавқеи ислом нисбати мусулмонзане, ки бо марди ғайримусулмон издивоҷ мекунад, чӣ гуна аст?
Гулмира, зодаи н. Ашт, муқими Олмон.

Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ

Издивоҷи мусулмонзан бо марди кофир ҷоиз нест ва ин никоҳ дуруст намебошад. Аллоҳ таъоло фармудааст: «Ва ба мардони мушрик то имон биёваранд, занони мӯъминаро мадиҳед». (Сураи Бақара: 221). Дар ояти дигар омадааст: «Па, агар ононро занони мӯъмин ёфтед, ононро ба сӯи кофирон бознагардонед. На инон (занони мӯъмин) бар онон (мардони кофир) ҳалоланд ва на онон (мардони кофир) бар инон (занони мӯъмин) ҳалоланд». (Сураи Мумтаҳана: 10). Маҷбур будани мусулмонзан ба ин чиз, узре нест, ки бояд ба ин издивоҷ розӣ шуда, ба он гардан ниҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД