shoh palace
Номаи пеш аз марги Таманно
1339
alt

Номаи пеш аз марги Таманно

Фирӯза Саттторӣ

00:00
00:00


Зиндагиам тинҷ ва соҳиби ду фарзанди дӯстрӯям. Шавҳарам бисёр одами хуб аст, маро дӯст медорад.

Умуман, аз чизеву касе шикоят надоштам, вале ду-се моҳ пеш шабе буҷулаки пойи ростам якбора хеле сахт ба сӯзиш даромад. Дард то саҳар маро ҳатто як лаҳза ором нагузошт ва маҷбур шудам, ки ба духтур муроҷиат намоям. Ташхис нишон дод, ки ба саратон мубтало гаштаам. Табибон гуфтанд, ки саратон аллакай реша давонда, ба дигар узвҳоям зарар расонида истодааст. Ба гапи табибон бовар накарда ба Русия рафтам, вале духтурҳои рус низ ба саратон гирифтор буданамро тасдиқ намуданд. Хулоса, маро ду маротиба ҷарроҳӣ карда бошанд ҳам, суд накард. Мехостам барои табобат ба Ҳиндустон равам, вале як профессори таҷрибадори рус маслиҳат дод, ки беҳуда давутоз накунам, агар ба Амрико равам ҳам, дигар касе ба дарди ман дармон ёфта наметавонад. Ба тақдир тан дода, ба Ватан баргаштам. Ба гуфти табибон аз умри ман ҳамагӣ 3-4 моҳи дигар боқӣ мондааст. Тасаввур намекунед, ки чӣ қадар душвор аст, вақте одам медонад, ки аз умраш ҳамагӣ 4 моҳи дигар боқӣ мондаасту халос. Пас аз ин пилки чашмонат абадан баста мешавад. Пайвандонат бо чашмони ашкбор либосҳои зебоятро аз танат мекашанд ва ҷисми беҷонатро шуста кафан мекунанду бо нолаҳои зор ба водии хомӯшон гусел менамоянд. Шавҳару фарзанд, хонаву дар, давлату сарват, ҳама дороиятро монда меравӣ ва дар зери хоки сард маскан мегирӣ. Медонед, ки чӣ қадар дарднок аст дарки ин ҳақиқати талх!

Аз марг наметарсам, зеро ин шарбати талхро хурду калон ҳама рӯзе мечашанд ва касеро аз аҷал роҳи гурез нест, аммо дилам ба ҳоли худам месӯзад. Нав ба 45 қадам гузошта, ягон фарзандамро то ҳол хонадор накардаам. Дар дилам орзуву ҳавасҳои зиёд доштам, вале акнун ҳама ормонҳоямро бо худ ба зери хоки хунук хоҳам бурд.
Соҳиби хона гаштанамро ҳанӯз як сол нашудаасту аҷал барои ман хонаи дигаре тайёр кардааст, ки на дар дорад ва на тиреза, на нури офтоб ба он мерасад ва на пойи қадами ягон меҳмон. Кулбае, ки фаршу бомаш ҳамагӣ аз хоку лой аст ва ҷисми ман дар оғӯши тангаш оҳиста-оҳиста пӯсида меравад.
Зиндагӣ дар назарам дигар маънӣ надорад. Фақат намоз мехонам ва Худоро зорӣ мекунам, ки ҷони ҷавонамро ба сахтӣ нагирад, дигар ҳеҷ. Акнун дарк намудам, ки чаро офаридгор асрори маргро аз фарзанди инсон пинҳон медоштааст. Одам, агар кай фаро расидани маргашро донад, мисли ман ҳар рӯз сад бор мурда зинда мешавад.
Мани ба марг маҳкумшуда ба ҳамаи Шумо, хонандагони сомонаи “Оила” фақат саломатӣ орзу мекунам.
Таманнои бадбахт

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД