sebiston july new
СТОП!!! ЛУТФАН, МАРДҲО НАХОНЕД. ТАВСИЯ ТАНҲО БАРОИ ЗАНОН
3470

 

Салом! Маро як мушкили ҷиддӣ маҷбур кард, ки ба СОМОНАИ "ОИЛА" занг занам. Ростӣ аз гуфтани дардам шарм медорам, вале мушкиламро нагуфта ҳам наметавонам, чунки хомӯшӣ метавонад боиси бе насл гаштану аз ширинтарин меваи умр-фарзанд бе насиб мондани банда бигардад.

Чандест, ки низоми ҳайзбиниам вайрон шудааст. Як моҳ моҳонаамро бинам, чанд моҳи дигар намебинам. Мегӯянд, ки духтар дар вақташ ҳайз набинад, баъди ба шавҳар баромадан фарзанддор шуданаш мушкил мегардад. Ба наздикӣ бояд тӯй шавам. Аз ҳамин хотир ба “Оила” муроҷиат кардам, то аз табиби мардумӣ Садриддиншоҳ Насриддиншоев маслиҳат бипурсам.

Замира, ш. Хуҷанд.

Посух

Хоҳари азиз, ин масъала бисёр нозук аст, зеро ба ҳаёту мамоти инсон-пойдории оила ва тавлиди фарзанд рабт дорад. Ҷараёни ҳайзи зан худ аз худ вайрон намешавад. Иллати тухмдонҳо, халалёбии ҳормонӣ, асабоният ва стресси сахт, хулоса сабабҳои зиёде ҳастанд, ки боиси вайрон шудани ҳайз мегарданд. Шуморо лозим аст, ки ба духтури занона муроҷиат намуда, аз чӣ сабаби вайрон шудани низоми ҳайзатонро аниқ намоед, чунки сарчашмаи бемориро надониста, кӯр-кӯрона табобат намудан натиҷаи дилхоҳ намедиҳад. Ба ҳар сурат ман ба шумо чанд даворо тавсия медиҳам, то аз ин гиёҳобҳо истифода бурда, натиҷаашро санҷед.

Нусхаи аввал

Нусха. 50 гр. ҷаъфарӣ (петрушка)-ро муддати 10 дақиқа дар як литр об ҷушонда, рӯзе 3 маротиба як пиёлаги бинӯшед.

Нусхаи дигар

Як қошуқи калон решаи чоқларо дар 200 гр., об муддати 5 дақиқа ҷӯшонда, сипас оташро хомӯш намоед ва монед 3 соат истад. Пас аз ин гиёҳобро соф карда, яъне полонда ба андозаи як қултӣ 30 -40 дақиқа баъди хурок нӯши ҷон намоед.

Нусхаи сеюм

Гули ҳамешабаҳор, гули говзабон, буймодарони маҳинбаргро ба андозаи мусовӣ, яъне баробар гирифта омехта намоед, то як таркиб ҳосил шавад ва 5 қошуқашро дар зарфе андохта аз болояш як литр оби ҷуш резед. Даҳони зарфро маҳкам карда монед як соат истад, баъдан гиёҳобро полонда, рӯзе се маротиба пеш аз хӯрок аз ин даво 100 громи гирифта ба он каме асал илова намуда, нӯши ҷон созед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД