arzon replenishment
Таънаи дӯсти ҷонӣ ҷигарамро пора кард
1395

Каримро аз кӯдакӣ мешиносам. Мо мактабро якҷоя хатм кардем. Дӯстам аз кӯдакӣ як феъли хеле аҷиб дошт. Дилхоҳ сухани кӯчакро ба баҳс мекашид. Яку якбора асабӣ шуда, бо ҳама ҷанг мекард. Ҳатто боре ӯро аз мактаб пеш карданд, аммо падараш, ки бо директори мактаб дӯст буд, маъмурияти мактаб аз ҷазо додани талабаи бетарбия даст кашид. Ҳама аз Карим рӯй гардонида буданд, аммо ман беминнат, дар ҳама ҳолат дар канораш будам. Хулоса, баъди хатм кардани мактаби миёна Карим ба маркази тестӣ ҳуҷҷат супорид, вале холҳояш барои донишҷӯ шудан нарасид. Ман донишҷӯ шудам, дӯстам бошад, баъди чанд моҳ ба Русия рафт. Донишгоҳро хатм карда, ду сол кор ҷустам. Баъди ду сол маҷбур шудам, ки бо маоши кам корро шурӯъ кунам. Хулоса, 6 моҳ мешавад, ки бо маоши кам дар Ватан фаъолият дорам. Карим дар Русия кор карда, зиндагиашро беҳтар намуд, вале ман Карими пешинаро аз даст додам. Ӯ дигар ба зангҳоям ҷавоб намедиҳад. Боре тавассути “Имо” бо ҳамсинфонам ҳамсӯҳбат шудем. Карим низ дар он ҷо ҳузур дошт. Каримро дида, хеле хушҳол шуда гуфтам:
-Карим пулдор шуда, дигар ба зангҳои ман ҷавоб намедиҳад.
Ростӣ, ин гапро шӯхиомез гуфтам, аммо Карим дар ҷавоб сухане гуфт, ки мисли ханҷар ба дилам халид:
-Мисли баъзеҳо агар мо низ маошамон нархи як “кроссовки” бошад, ба хотири пул ба дӯстонамон занг задан мегирем.
Баъди ин суханон суп-сурх шуда, надонистам чӣ гӯям. Хомӯшона худро ба даст гирифта, аз видео-конференсияи “Имо” берун шудам. Намедонам суханони Карим чӣ маъно дошт, аммо мақсад аз занг задани ман ба ӯ танҳо аҳволпурсӣ буд. Ростӣ, баъди ин рафтораш дилам аз дӯстам монд. Шояд ман ӯро дӯсти худ шуморида, хато кардаму ӯ аз аввал чунин буд?
Сафар

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД