arzon replenishment
ВКД БА СОКИНОН НИҚОБ, АНТИСЕПТИК ВА ДАСТПӮШАКИ БЕПУЛ ДОД
1999

 

Рӯзҳои охир шумораи сироятёбӣ ба коронавирус дар кишвар нисбат ба рӯзҳои қаблӣ бештар ба назар мерасад. Ба хотири пешгирӣ аз сироятшавӣ ба бемории Ковид - 19 дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ аксияи тарғиботӣ бо номи “Ҳимоя аз бемории Ковид - 19” роҳандозӣ гардид.

Аксияи мазкур бо иқдоми Вазорати корҳои дохилии кишвар сурат гирифта, дар доираи он ниқобу дастпӯшак ва маҳлулҳои зиддивирусӣ ба сокинон ба таври ройгон тақсим карда шуданд.

“Бо супориши роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва РВКД ВМКБ кормандони Шуъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Рӯшон барои пешгирии ин беморӣ дар маркази ноҳия аксия зери шиори “Ҳимоя аз бемории Ковид - 19” ташкил гардид”, - гуфт майори милитсия Д. Чоршанбеев.

Дар аксия зиёда аз 1 500 адад ниқоб, 700 адад маҳлулҳои антисептикӣ ва зиёда аз 250 адад дастпӯшакҳои яккарата ба тарви ройгон ба бошандагони ноҳия дода шуд.

Ин чорабинӣ барои пешгирии Ковид - 19 инчунин дар деҳаҳои Деҳрӯшон, Баҳрӯшон, Дерзуд ва Барзӯди ноҳия низ роҳандозӣ шуда, дар рафти аксия дар байни бошандагони ноҳия корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД