tobiston
1,5 миллион нафар дар маросими ҳаҷ иштирок кардаанд
159

Мақомоти Арабистони Саудӣ эълон карданд, ки имсол 1,5 миллион шаҳрванди хориҷӣ ва 166 ҳазор сокини маҳаллӣ ҳаҷи фарзиро адо намудаанд.

Гуфта мешавад, ки бо назардошти фавти зиёди зоирин дар солҳои гузашта, Арабистони Саудӣ имсол тадбирҳои амниятиро сахттар кардааст, то аз маргу мири зиёди зоирон дар маросими ҳаҷ пешгирӣ шавад. Соли 2024 бар асари гармии шадид беш аз 1300 зоир дар Арабистони Саудӣ ҷон дода буданд.

Мақомот гуфтаанд, ки барои таъмини амният тадбирҳои махсус андешида шудаанд, аз ҷумла манъи зиёрати ҳаҷ барои кӯдакони то 12-сола.

Имсол аз Тоҷикистон тақрибан 7 ҳазор нафар барои зиёрати Маккаву Мадина сафар кардаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД