tobiston
8 хӯрдании лазизе, ки хотираро мустаҳкам намуда, инсонро оқилу доно месозанд
20.06.2025
Oila.tj
153

Барои зеҳни солим ва хотираи хуб истеъмоли ғизои дуруст ва бой аз моддаҳои фоиданок бисёр муҳим аст. Хӯрданиҳои лазизи муфиде ҳастанд, ки барои фаъолияти хуби майнаи сар ва мустаҳкам шудани хотираи инсон фоида доранд.

Моҳии равғанӣ

Моҳӣ, махсусан навъҳои равғании он аз омега бой буда, ба фаъолияти хуби майнаи сар мусоидат менамоянд.

Тухм

Тухм манбаи холин буда, барои мустаҳкам шудани хотира муҳим мебошад.

Мева ва буттамеваҳо

Мевагӣ, махсусан гелос, олуча, зардолу ва буттамеваҳо, аз ҷумла клубника аз антиоксидантҳо ва моддаҳои зиддиилтиҳобӣ бой буда, майнаи сарро муҳофизат мекунанд ва фаъол мегардонанд.

Чормағз ва бодом

Омега-3, витамини E ва антиоксидантҳо дар таркиби чормағз ва бодом зиёд буда, шахсоне, ки хӯрдани ин донагиҳоро хеле дӯст медоранд, қобилияти ақлониашон торафт баландтар мешавад. Махсусан чормағзи англисӣ (грецкий орех) хеле фоиданок аст.

Сабзавоти баргдор

Сабзавоти баргдор, махсусан исфаноҷ, брокколи аз витамини K, лутеин ва фолат бой буда, фаъолияти мағзи сарро беҳтар месозад.

Шоколади сиёҳ

Шоколади сиёҳ (70% какао ва бештар) миқдори ками кофеин ва антиоксидантҳо дошта, майнаи сарро фаъол ва зеҳни касро равшан месозад.

Авокадо

Авокадо барои гардиши хун дар майнаи сар кумак мекунад ва равғанҳои солим дорад.

Ғалладонагиҳо

Ғалладона, ҷав, нахӯд, лӯбиё ба ҷисму ҷони кас энергия ва глюкозаи устувор медиҳанд, ки барои кори мағзи сар низ муҳим мебошад.

Илова бар ғизо:

Оби кофӣ бинӯшед - камобӣ боиси хастагӣ ва кам шудани таваҷҷуҳ мешавад.

Витаминҳои B-комплекс, махсусан B6, B12 ва фолат барои солимии асаб ва хотира фоида доранд.

Машқҳои зеҳнӣ (масалан хондан, бозии шоҳмот) ва хоби кофӣ низ аҳамияти зиёд доранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД