Аз чор ғарқшудаи ду рӯзи охир имдодгарони КҲФ як ноболиғро наҷот додаанд. Ҷасади се ғарқшудаи дигар ҷустуҷӯ мешавад.
Бино ба иттилои КҲФ, 21-уми июни соли 2025, соати 17:30 дақиқа як сокини 16-солаи деҳаи Ваҳдатободи ҷамоати деҳоти Намунаи ноҳияи Панҷ ҳангоми оббозӣ дар канали деҳа ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.
22-юми июни соли 2025, соати 16:00 дақиқа як сокини 26-солаи ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Фирдавсӣ 5/4 ҳангоми оббозӣ дар рӯди Вахш, дар ҳудуди деҳаи Навободи ҷамоати шаҳраки Бохтариён ба қоидаҳои шиноварӣ риоя накарда, ғарқ шудааст.
Тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 22-юми июни соли 2025, соати 14:20 дақиқа як истиқоматкунандаи 43-солаи кӯчаи Пахтакори шаҳри Хуҷанд, ки сархӯш аз шароб будааст, дар макони барои оббозӣ мамнӯи дарёи Сир оббозӣ карда, ғарқ шудааст.
22-юми июни соли 2025, соати 15:05 дақиқа як сокини ноболиғи ноҳияи Ҷаббор Расулов, ҷамоати деҳоти Ғулакандоз, кӯчаи Дӯстматов, хонаи №148 ҳангоми оббозӣ дар рӯди Сир ба ҳолати ғарқшавӣ дучор мегардад. Наҷотдиҳандагони дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумита дар вилояти Суғд сари вақт ба ҷойи ҳодиса расида, шаҳрвандро наҷот додаанд.