tobiston
Балои қарз (ҚИСМИ 2)
1098

Тавбаи шикаста

Ансор пеши мо апаҳояш ва модари зору ҳайронам, ки то ин дам писараш барояш чун як ҷавонмарди қавииродаю пуштибон менамуд аз корҳои бадаш тавба карда бошад ҳам, тавбаашро шикаст…

Аз ин воқеа яку ним сол гузашта буд, ки боз занаш хабари қарздории Ансорро ба мо расонид. Ман ба додарам сахт бовар мекардам ва ҳеҷ гумон надоштам, ки ў боз ба роҳи хато меравад. Охир акунун ў соҳиби як писарча буду ҳамсараш боз ҳомиладор. Ин даъфа мо чор апа пинҳон аз модар як бало карда қарзҳои ўро пардохт намудем, аммо ин одати бад дар хуни Ансор ҷо гирифт. Мо хуб медонистем, ки додарам «бозибемор» шудааст, ҳама даводави мо дар роҳи наҷоти ў беҳуда буд. Хоҳари хурдиям, ўро назди равонпизишк ҳам бурд, аммо беҳуда.

Ансор ба бозиҳои футболу ҷангҳои тан ба тан пули калон гарав мегузошту дар бисёр ҳолатҳо бохта қарздор мемонд. Тамоми пули ёфта ва қарзкардаашро дар марказҳои букмекерӣ пош медоду муфлис ба хона бармегашт. Ин қилиқҳои хунукаш аз назари сардоронаш низ пинҳон намонданду ўро аз кор ронданд. Худам назди сардораш рафта зорӣ кардам то ўро аз кор нагиранд, вале ў бо таассуф гуфт, ки аз одами ба ин гуна бозиҳо майл дошта ҳар гуна ҷиноятро чашмдор шудан мумкин.

Баъдҳо аз Гулноз фаҳмидам,ки ў зару зевари занашро низ фурўхта қурбони ҳамин одати ҳаомаш кардааст. Дигар мо апаҳо сари калобаамонро гум карда будем аз ин мусибат, аз ҳамсарҳоямон шарм медоштем. Як бало карда бо навбат хўрду хўроки зану фарзандонашро бурда медодем, модари пирам, ки ба умеди писари ягонааш буд шабу рўз барои муҳайё намудани шароити хуб барои наберагонаш заҳмат мекашид.Ин ҳама бас набуд, ки…

Касофати қарз

Модараму Гулноз ва мо апаҳо ҳамеша парешон мегаштем, изтироб аз дасти беақлиҳои Ансор дар диламон хона карда буд. Ин изтироб беҳуда набудааст, зеро ин даъфа Ансор пули бисёре қарздор шуд, ки миёни моро шикаст. Дигар мо илоҷе надоштем ва инро бо оромӣ ба модарам гуфтем, аз шунидани ин хабар ва касофати қарзҳои писари бозибемораш модарам ба сактаи қалб дучор гашт ва баъди чанде оламро падруд гуфт. Мо ҳавлиро фурўхта қарзҳои додарамро пардохтем ва дар як гўшаи шаҳр барояш хонаи якҳуҷрагие харида додем. Умед доштем марги модар, аз байн рафтани ҳавлии падарӣ, ҳеҷ набошад хотири ду фарзандаш Ансорро аз роҳи бад мегардонад, аммо ин тавр нест…

Додари ман ҳоло ҳам худашро ба сад дар мезанаду пайсае меёбад ва онро сарфи бозиҳои беманфиату ҳаом, қиморбозӣ мекунад. Мо апаҳо намедонем сари сахтамонро ба кадом дар занем, охир ў фарзанди падару лахти ҷигар аст. Мо наметавонемаз ў даст кашем, чун як каси бегона меҳрашро аз дил берун кунем. Аз касоне, ки тавонистанд наздикони худро аз чунин ҳолат бароварданд хоҳиш ва илтимос мекунем то маслиҳати хешро аз мо дареғ надоранд.

Бо эҳтиром, САМИРА

Таснифи Рухсора САИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД