1xbet
Барои бемор нашудан дар моҳи май чиҳо хӯрдан лозим аст?
24.05.2025
Oila.tj
246

Май яке аз гармтарин моҳҳои фасли баҳор мебошад, аз ҳамин сабаб дар ин давра одамон чандон ба саломатии худ диққат намедиҳанд. Аммо набояд фаромӯш кард, ки бепарвоӣ нисбат ба саломатии худ метавонад боиси ба ҳар хел бемориҳои мавсимӣ гирифтор шудани шахс бигардад. Барои пешгирии чунин бемориҳо ба хӯроки худ ва аҳли оилаатон бояд диққати ҷиддӣ диҳед.

Бемориҳое, ки дар моҳи май хурӯҷ мекунанд

Ҳамасола одамон дар моҳи май бештар аз аллергия ва шамолкашӣ азият мекашанд. Албатта, сабаби сар задани аллергия гулу гарди дарахтон мебошад, вале шамолкашӣ аксаран бо айби худи мо рӯй медиҳад. Азбаски дар моҳи май нисбат ба моҳҳои март ва апрел ҳаво хеле гармтар аст, аксарият либоси тунук ба бар мекунанд, аммо бегоҳ ҳаво сард шуда, боиси шамолкашӣ ва ба зукому бемориҳои роҳҳои нафас гирифтор гаштани шахс мешавад.

Пешгирии бемориҳои мавсимӣ

Барои пешгирии бемориҳои мавсимӣ системаи муҳофизатии организм – иммунитетро пурқувват намудан лозим аст, зеро барои фаъолона мубориза бурдан бо вирусу микроб ва микроорганизмҳои дигар, ки боиси сар задани ҳар хел касалиҳо мегардад, ҷисми инсон бояд пурқувват бошад. 

Сабзавотҳое, ки иммунитети инсонро пурқувват месозанд

Барои мустаҳкам шудани иммунитет инсон бояд ба ғизои худ диққати ҷиддӣ дода, бештар мевагӣ ва сабзавот хӯрад, зеро ин хӯрданиҳои лазиз аз витамину микроэлементҳои фоиданок бой мебошанд. Дар ин давра махсусан истеъмоли карами сафед ва гулкарам, нахуд, сабзӣ, бодиринг ва помидор муфид аст. Шалғамча ву лаблабу низ фоида доранд. Аз ҳама муҳимаш кабудиҳоро аз ёд набароред. Дар моҳи май ба ғизои ҳаррӯзаи худ райҳон, пиёз, гашнич, петрушка ва карафс илова намуда, шумо худро аз бисёр бемориҳои мавсимӣ эмин хоҳед дошт.

Дар моҳи май меваҳои аввалин низ пухта мерасанд, вале дар хӯрдани мевагӣ бояд каме эҳтиёт шуд, зеро баъзан меваҳои баҳорӣ боиси сар задани аллергия гашта метавонанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД