1xbet
Боздошти боз як тоҷик дар Амрико бо гумони ҳамкорӣ бо гурӯҳи хатарнок
207

Дар шаҳри Филаделфияи Амрико кормандони ICE дар ҳамкорӣ бо ФБР марди 39-солаи зодаи Тоҷикистонро дастгир кардаанд, ки дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи хатарноки террористии “Ал-Қоида” гумонбар дониста мешавад ва дар ҷустуҷӯйи байналмилалӣ қарор доштааст.

Боздоштшуда ҳамзамон шаҳрвандии Федератсияи Россияро низ доштааст, вале ному насабаш ошкор карда нашудааст.

Дар хабар гуфта мешавад, ки мард бо гурӯҳи хатарноки террористии “Ал-Қоида” робита дошта, мақомоти Тоҷикистон номи ӯро ҳамчун ташкилкунандаи гурӯҳи ҷиноӣ ба ҷустуҷӯйи байналмилалӣ додаанд. Ин мард соли 2023 бидуни раводиди муҳоҷиратӣ вориди Амрико шуда, муваққатан бо даъватнома ба додгоҳи муҳоҷиратӣ ба ӯ иҷозаи ворид шудан ба ин кишварро дода буданд, вале беш аз ду сол дар Амрико мондааст.

Қаблан дар Бруклин шаҳрванди 33-солаи Тоҷикистон Мансури Манучеҳр бо гумони дастгирӣ кардани гурӯҳӣ террористии ДОИШ боздошт шуда буд. Дар рафти тафтишот маълум шуд, ки Мансури Мунучеҳр ҳудуди $70 доллари амрикоиро ба шахсони ба ДОИШ робита дошта дар Туркия ва Сурия расонидааст, аз ҷумла ба як зодаи Тоҷикистон, ки барои таркондани калисои масеҳиён дар Истамбул дар соли 2024 зиндон шуда буд. Ҳангоми кофтуков аз Мансури Манучеҳр чанд фиттаи вазъгӯии мубаллиғони гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ” ва наворҳои машқҳои ҳарбӣ ёфт шудааст. Ба ин мард ҳабси тӯлонӣ ба муҳлати 45 сол таҳдид мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД