Кормандони милитсия дар вилояти Суғд занеро боздошт намудаанд, ки фарзандашро бар ивази 14 ҳазору 800 сомонӣ ва як манзили истиқоматӣ фурӯхтан мехостааст.
Ҳодиса дар шаҳри Хуҷанд рӯй дода, модари фарзандфурӯш ҷавонзани 27-солаи сокини ҷамоати деҳоти Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров будааст.
Тавре дар барномаи “Милитсия хабар медиҳад” иттилоъ дода шуд, рӯзи 20-уми апрели соли равон ин ҷавонзан талош кардааст бар ивази 14 ҳазору 800 сомонӣ ва манзили истиқоматӣ дар шаҳри Хуҷанд духтари 4-солаашро ба каси дигар фурӯшад. Кормандони милитсия занро ҳангоми гирифтани маблағи пешакӣ мувофиқашуда боздошт кардаанд. Кӯдаке, ки модар қасди фурӯхтанашро дошт, фарзанди дуюми ин зан аз шавҳари дуюмаш будааст.
Айни замон нисбати ҷавонзан бо моддаи 167-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хариду фурӯши кӯдаки ноболиғ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, вай дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Дар сурати исбот шудани айбаш ба зан аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.