Дар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки дар шаҳри Тошканд баргузор шуд, дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол ғолиб омад.
Дастаи мунтахаби наврасони мамлакат дар гурӯҳи «В» бар тимҳои Туркманистон (4:1) ва Афғонистон (3:0) пирӯз шуда, аз мақоми аввал ба финали ин мусобиқа баромад.
Дар бозии ҳалкунанда дастаи Тоҷикистон дар қувваозмоии шадид бар тими Ӯзбекистон бо ҳисоби 4:3 ғалаба намуд.
Ёдовар мешавем, ки мунтахаби наврасони мамлакат таҳти роҳбарии Далер Каёсов маротибаи сеюм ғолиби мусобиқаи CAFA мегардад. Қаблан ин даста бо тими наврасон дар солҳои 2022 ва 2023 низ ба гирифтани ин ҷоиза мушарраф гашта буд.