50-сола ҳастам ва қариб 10 сол боз иллати талхадон дорам. Духтурҳо мегӯянд, ки талхадонам санг дорад, вале ба ҷарроҳӣ кардан розӣ нашудам, чунки бе ин ҳам 5-6 маротиба ҷарроҳӣ шудаам. Мехоҳам донам, ки табиби мардумӣ Садриддиншоҳ Насриддиншоев ба ман чӣ тавсия медиҳанд?
МАНЗУРА, ш. Хуҷанд
Посухи табиб:
- Вақте талхадон санг дорад, илтиҳоб низ дар ин узв дида мешавад. Маъмулан, дарди кунди талхадонро маҳз илтиҳоби ин узв ба вуҷуд меорад, бинобар ин, пеш аз ҳама бояд аз пайи табобати илтиҳоб шуд. Ман ба шумо чанд давоеро тавсия медиҳам, ки ба зудӣ шуморо аз дард наҷот дода, ҳолатонро беҳтар карда метавонанд.
Муъҷизаи “Ҳафтдору”
Решаи қоқу, гулу барги кокутӣ, пудинаи боғӣ, талхявшон, чойкаҳак, сумбул-ат-тиб (валериана) ва зираи сиёҳ. Дар зарфе 15 граммӣ аз зираи сиёҳ ва решаи қоқу андохта аз болояш 600 об резед ва муддате биҷӯшонед, сипас ба он аз гиёҳҳои дигари номбаршуда 15 граммӣ андохта оташро хомӯш намоед ва даҳони зарфро пӯшонед. Барои пурра тайёр шудан гиёҳоб бояд 1-2 соат истад. Пас аз ин даворо соф карда, рӯзе 3-4 маротиба ним пиёлагӣ ним соат пеш аз хӯрок нӯшидан лозим аст.
Кадом доруҳо фоида доранд?
Доруҳои алохол, холензим ва фламин низ аз давоҳои табиӣ аз қабили зардаи ҳайвонот ва гулу гиёҳҳо тайёр карда мешаванд. Метавонед бе ягон хавф ин доруҳоро истифода баред. Ба саволатон дар мавриди ҷарроҳӣ кардан ё накардан бошад, ҳаминро мегӯям, ки барои дар ин бора маслиҳати аниқ додан, андоза ва шакли санги талхадони шуморо донистан лозим аст.