Arzon march 2024
Хушдоман ҷоғи домодро шикаст!
5600


Ҳангоми дар беморхона хоб буданам, ба палатаи мо ҷавони харобинаеро оварданд, ки аз хешу табори ҳамсараш шатта хӯрда ба беморхона афтидааст.

Ҳиси кунҷкобиям боло гирифту баъди ҷароҳии ҷоғи ҷавон ба наздаш рафта, худро шинос намудам ва сабаби ба ин ҳол расиданашро пурсон шудам. Ҷавон аввал шарм кард, ки ҳақиқатро гӯяд, вале чун дид, ки аллакай духтурон сирашро фош кардаанд, оҳи сард кашида гуфт:

-Зиндагӣ бе пастию баландӣ намешавад. Гапам бо занам гурехту хешу табораш ба сари ман омада, ҷангу ҷанҷол карданд. Фақат ҳамин қадараш дар ёдам ҳаст, ки чӣ хел хушдоманам сангро аз замин бардошта ба сӯйи ман ҳаво дод. Дигар чӣ шуд, дар ёд надорам, чунки бар асари зарбаи задаи хушдоманам ҷоғам шикаста аз ҳуш рафтаам…
-Бо ҳамсаратон чаро гапатон гурехт?
-Занам беҳад эрка, бар замми ин, хабаркаш аст. Аз бинӣ боло гап занам, дарҳол ба хонаводаашон занг мезад, ки шӯям маро ҳақорат кард. Падару модараш ба ҷойи насиҳат кардан, гапи ӯро дар замин намонда ба сари ман меомаданд. Ҳамсояҳо аз доду войи занам ва хешу табори ӯ ба дод омада буданд.
-Ин тавр бошад, чаро хушӣ ба хушӣ ба ҷудо нашудед?
-Чанд бор гуфтам, ки безор шудам аз хабаркашию беаклию эркагияш, аз занам ҷудо мешавам, вале падару модарам тарафи келинашонро гирифта, нагузоштанд, ки ҷудо шавем. Дандон ба дандон монда тоқат мекардам. Хамон рӯзи шум занам либосҳои маро бароварда, ба берун партофт ва маро 99, камақл, девона ва боз ким-чиҳои дигар гуфт. Тоқатам тоқ шуду як шаппотӣ задам. Доду фарёдкунон ба хонаи ҳамсоя рафт. Аз ҳамон ҷо ба модараш занг задааст. Як дам пас падару модараш ба хонаамон омадаанд. Хусурам сабаби ҷанҷолро напурсида аз гиребонам гирифту маро ҳақорат кард, хушдоманам бошад, ҷоғамро бо санг зада шикаст.


Акаи дуюмам ба ғуд-ғуд даромад, ки беэҳтиромӣ намуда, Раҳматшоҳро ранҷондам ва худо накарда, бо вай ягон ҳодисаи нохуш рӯй диҳад, ҷавобашро дар назди модарам танҳо ман медиҳам. 


-Аз рӯяшон шикоят накардед?
-Занам ҳомиладор намебуд, онҳоро ба суд медодам, вале хотири фарзандам ин корро намекунам. Бигзор онҳоро Худо занад!
-Нияти бо ҳамсаратон оштӣ шудан доред?
-Не, мурам ҳам, дигар ӯро намебахшам. Сиҳат шуда аз беморхона бароям, талоқашро медиҳам. Ҳамеша дар вайрон шудани оила мардҳоро гунаҳкор мекунанд. Нависед, ҳамаашро нависед, бигзор мардум хонда фаҳманд, ки дар вайрон шудани оилаҳои ҷавон танҳо мардон не, худи занону духтарон ва волидонашон низ гунаҳкоранд. Падару модарон, агар ба ҷои ба сари хонаводаи домод рафта ҷангу ҷанҷол кардан духтари худашонро насиҳат кунанд, олам гулистон мешавад, аммо бадбахтона қисми зиёди духтардорҳо худашон ба насиҳатгар муҳтоҷанд. Аз шумо танҳо як хоҳиш дорам, номи маро нанависед. Ман мард ҳастам ва хоҳ-нохоҳ бояд оиладор шавам. Намехоҳам ягон рӯз зани навам ё падару модари ӯ маро масхара карда бигӯянд, ки дар вақташ хешу табори занат ҷоғатро шикаста буданд…
-Ваъда медиҳам, ки исматонро наменависам, танҳо саргузаштатонро рӯйи коғаз меорем, то ба дигарон дарси ибрат гардад.


Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД