shoh palace
Моҳшариф аз н. Шаҳринав: Ҳамсояи бачабоз писарамро таҷовуз кардааст!
12591

Ман Моҳшариф, сокини ноҳияи Шаҳринав, мехоҳам мусибати ба сарам омадаро ба шумо нақл карда, каме ҳам бошад, дили аз ғам кӯзаи зардоб гаштаамро холӣ намоям.

Ду писари калонӣ ва як духтарамро оиладор кардам, писари кенҷагиам нав ба 14 қадам гузошт. Чанде пеш писарони калониам аз Маскав бо зану фарзандонашон ба аёдати мо омаданд. Писари худиам Илёс думболи бародаронашро гирифта зориву тавалло мекард, ки ӯро бо худ бубаранд. Ростӣ аввал розӣ нашудам, зеро намехостам бачаи кенҷагиам ҳам ба Русия раваду дар хона ману падараш танҳо монем. Илёс гиряву зорӣ мекард, ки иҷозат диҳам ҳамроҳи акаҳояш равад. Бехабар аз нимкосаи зери коса ман ҳам якравӣ карда не мегуфтам. Писарам аз хобу хӯр монда, чунон рангаш зард шуд, ки гумон мекардӣ касали зарпарвин шуда бошад. Ҳарчанд пурсуҷӯ кардам, ки бачаҷон, ба ту чӣ шудааст, ягон ҷоят дард кунад, гӯй, туро ба духтур мебарем, Илёс сир бой надода, рӯяшро ҷониби девор мегардонду гиря мекард. Якбора дамдузд ва одамгурез шудани писари хурдиам маро ба таҳлука оварду аз писари калониам хоҳиш кардам, ки бо додараш мардона сӯҳбат карда, сабаби ғамгиниашро фаҳмад. Писарам ба назди додараш даромаду қариб як соат берун нашуд. Ҳайрон будам, ки онҳо ин қадар дуру дароз дар бораи чӣ суҳбат мекарда бошанд. Ниҳоят тоқатам тоқ шуд ва дарро тақ-тақ кардам. Писари калонӣ пас аз чанд лаҳза ба шаст дарро кушода худро ба берун зад, писари хурдиам бошад, аз гиря варам карда буд ва сарашро бо кафи дасонаш дошта, ҳамоно ҳиқ-ҳиқ мегирист.

“Ҳой бача, тинҷӣ аст? барои чӣ гиря мекунӣ?” гуфта пурсидам. Аламҳои писарам бештар рӯ заданд ва мисли занҳо бо тамоми овоз ҳой-ҳой гирифт, аммо ҳамоно дардашро намегуфт. Дидам, ки аз ин бача ягон чизро фаҳмида намешавад, берун баромадам, ки бо писари калониам гап зада, чи гап буданашро пурсон шавам, вале ба гӯшам садои доду фиғон расид. Писари калонам бо тамоми овоз девонавор дод зада, ҳафт пушти ҳамсояро дашномҳои қабеҳ медод. Осемасар ба хонаи ҳамсоя давидам, зеро то ҳамон рӯз писарам бо ягон кас лаб ба даҳон нашуда буд. Ҳайрон мондам, ки ба вай чӣ ҷин асар карда бошад.
Вақте ки ба хонаи ҳамсоя даромадам, писарам аз гирбебони соҳиби хона дошта, таҳдид мекард, ки писарашро ёфта диҳад, вагарна ӯро зинда намемонад. Ҳой бача, магар девона шудаӣ, гиребони ҳамсояро сар деҳ охир гӯён, кӯшиш кардам, ки онҳоро ҷудо кунам, вале зӯрам нарасид. Писарам ҳамоно даст аз гирбеони ҳамсоя набардошта, тезтар гап зан, сағераи ҳаромат канӣ, набошад ҳозир туро буғӣ карда мекушам мегуфт. Ҳамин вақт писари ҳамсоя-Фидо дар даст як халта майда-чӯйда аз дарвоза даромад. Баробари дидани ӯ писарам гиребони падарашро раҳо карда ба Фидо часпид ва бачаи ҳамсояро дар як дам таги по карда, чунон бераҳмона зад, ки даҳону биниаш пур аз хун шуд. Ман, ки ҳанӯз ба асли моҷаро сарфаҳм намерафтам, писарамро дуоҳои бад карда, талаб менамудам, ки занозаниро бас кунад. Тарафгириҳои ман ғазаби писарамро оварда, бо тамоми овоз девонавор дод зад:
-Оча, пуштии ин ҳаромзодро нагир, ту ҳанӯз намедонӣ, ки ин худозада писаратро чи қадар азоб дода атс. Ин ҳайвон додари маро таҷовуз мекардааст. Мефаҳмӣ, ин буққа писари туро ба ҷойи зан истифода бурда, ҳар рӯз таҷовуз кардааст. Илёс аз тарси ҳамин дев ба Росия рафтан мехоҳад. Ранги бачата бин, магар дилат ба вай намесӯзад....
Гӯшҳоям бо шунидани ин гап қулф заданд. Пеши чашмонамро сиёҳи пахш кард ва сарам чарх зада, мисли чанори решагардон шуда гурсос зада ба замин афтидам. Дигар чӣ шуд, намедонам.
Вақте ки чашмонамро кушодам, дар хонаи худам будам ва ҳавлиамон пур аз тамошобин гашта буд. Илёсро падару бародаронаш ба духтур бурдаанд.


 

“Касалии қанд ду намуд мешавад: диабети навъи якум ва диабети навъи дуюм. Ҳарду намуди бемориро метавон бо воситаи гиёҳҳо табобат кард ва ҳатто бемореро, ки инсулин қабул мекунад,аз асорати қанд раҳоӣ бахшид” мегӯяд ин табиби ҳозиқ.



Хулласи калом, ташхис нишон додааст, ки писарамро дар ҳақиқат таҷовуз кардаанд. Фидои худозада низ ба гуноҳаш иқрор шуда, гуфтааст, ки як бор не, беш аз 10 маротиба писари маро чун зан истифода бурда, зӯран ба номусаш дасдарозӣ кардааст. Ин шайтони одамсурат баъди бори аввал бо макру фиреб писари маро ба хонаашон бурда, зӯран ба номусаш расидан тамоми корҳои ҳароми бо ӯ кардаашро дар камераи телефонаш сабт карда будаанд. Минбаъд ин дев дар роҳу рӯ Илёсро нигоҳ дошта, ҳамон навори касофатро нишон дода, талаб мекардааст, ки ҳамроҳаш хобухез кунад, набошад ин сабтро ба интернет партофта, дар назди ҳамсинфон, ҳамсояҳо ва ҷӯаҳояш ӯро шарманда мекунад. Бечора писарам аз тарси шарманда шудан ночор ҳамроҳи он бачабози худобехабар мерафтааст. Писаракам дарун ба дарун худро хӯрда, рангаш ба мисли заъфарон зард шудааст. Роҳи ягонаи аз ин балои дупо халос шуданро дар фирор дониста Илёс аз бародаронаш хоҳиш кардааст, ки ӯро ҳамроҳашон ба Русия баранд, мани аз асли гап бехабар бошам, монеи рафтани писари ба зӯроварӣ дучор гаштаам шудам.
Фидои худозадаро милисаҳо пешандоз карда бурданд, вале оташи алами дили ман ҳеҷ паст намешавад. Намефаҳмам, чаро бачаи ҳамсоя, ки зан ва ду фарзанд дорад, барои қонеъ кардани нафси ҳайвониаш ягон фоҳишаро нею писари маро, ки ҳанӯз кӯдак аст, ҳадафи амали ҳароми хеш қарор додааст.
Илёсро ҳамроҳи бародаронаш ба Русия фиристодам, то ки каме ҳам бошад, дар он ҷо асабаш ором шавад, вале дилам ҳанӯз дар ташвиш аст. Метарсам, ки писарам худашро ягон фалокат накунад.
Ба тамоми падару модарон гуфтаниям, ки фарзандонашонро бе назорат нагузоранд, охир ҳоло замоне шудааст, ки ба касе бовар карда намешавад, на ба дӯст ва на ба хешу табору ҳамсоя!

Поделиться новостью
Шарҳ
(3)
Абдукаххор ....инхели одамонро ба дор овехтан даркор 2019-08-30, 17:49
Мастчох
Посух
Жасмин 2019-08-31, 10:55
Барой чи нисбати хамин хел педофилхой касофат чора намебинанд мо пешво дорем гуфта фахр мекнанд кани чораша бинанд хукми катл тиянд дар пеши чашми мардум азоб дода кушанша бад барой дигарош дарс мешад кани давлату давлат дори
Посух
мехрона Абдулоева 2019-10-18, 14:40
бар падарат ланат бе имон худозанад тубаринкахоро рузе меша турохам мисли анахаминбача истифодамебаран бачои занощон
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(3)
Абдукаххор ....инхели одамонро ба дор овехтан даркор 2019-08-30, 17:49
Мастчох
Посух
Жасмин 2019-08-31, 10:55
Барой чи нисбати хамин хел педофилхой касофат чора намебинанд мо пешво дорем гуфта фахр мекнанд кани чораша бинанд хукми катл тиянд дар пеши чашми мардум азоб дода кушанша бад барой дигарош дарс мешад кани давлату давлат дори
Посух
мехрона Абдулоева 2019-10-18, 14:40
бар падарат ланат бе имон худозанад тубаринкахоро рузе меша турохам мисли анахаминбача истифодамебаран бачои занощон
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД