55-сола ҳастам ва 5 сол қабл ба инсулт гирифтор шуда будам. Хушбахтона, зинда мондам, вале пас аз он бемории вазнин асабам хароб аст. Аз андак гап асабӣ шуда, бо аҳли оила ҷанҷол мекунам, онҳоро меранҷонам ва баъд аз кори кардаам пушаймон шуда, худамро дарун ба дарун мехӯрам. Мегӯянд, ки баъзе гулу гиёҳҳои куҳӣ ба дарди ман даво шуда метавонанд. Аз табиби машҳур Садридиншоҳ Насриддиншоев маслиҳат мепурсам.
ШАМСИДДИН, аз шаҳри Турсунзода
Посухи Садриддиншоҳ Ҷалолӣ:
- Бародари азиз! Дар ёд дошта бошед, ба шахсоне, ки инсултро аз сар гузаронидаанд ё дар сарҳади сактаи мағзи сар қарор доранд, асабӣ шудан қатъиян манъ аст. Ба шумо хоби ором, ғизои солим ва ҳавои тоза мисли обу ҳаво зарур мебошад. Фишори хунатонро доим назорат карда истед, то баланд нашавад. Дар Русия барои муолиҷаи сактаи мағзи сар ба беморон мумиёро тавсия медиҳанд. Тарзи истифодааш чунин аст:
10 грамм мумиёро дар каме оби ширгарм ҳал намуда ба зарфи пластикӣ андозед ва то гардани бутилка ба он об резед. Ҳар саҳар баробари аз хоб бедор шудан як қошуқ аз ин об нӯшидан лозим аст. Дар ҳолати эҳсос намудани вазнинӣ метавонед пеш аз хоб низ як қошуқ оби мумиёдор бинӯшед. Давраи муолиҷа бо мумиё 30 рӯз аст. Пас аз ин 10-15 рӯз танаффус намуда, баъдан даври дуюми табобатро сар мекунанд.
Бо сафора компресс кунед
Сафора ном дарахте ҳаст, ки қадаш 10-15 метр баланд шуда, самари лӯбиёшакл дорад. Гулу самари ин дарахт дар муолиҷаи сактаи мағзи сар таъсири хуб расонда метавонад. 15 гр гули дарахти сафораро дар зарфе андохта аз болояш 200 гр оби ҷӯш резед ва даҳони зарфро маҳкам карда, монед як соат истад, сипас онро соф карда, рӯзе 3 маротиба ним соат пеш аз ғизохӯрӣ 50 граммӣ бинӯшед. Ин обро ҳамчунин метавонед ба дасту пойи карахтшудаатон бимолед. Шабона докаи чорқабатаро дар ин об тар карда ба пушти саратон компресс намуда хобед, то саҳар осуда хоб меравед ва ҳолатон рӯз то рӯз рӯ ба беҳбудӣ мениҳад.