Имрӯз, 2-юми июн Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба баррасии парвандаи марги фоҷиавии навраси 16-сола Ҷасур Акрамов, ки бар асари садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расида буд, оғоз менамояд.
Падари ин ҷавони ғӯрамарг тариқи шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” аз Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Прокурори генералии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода хоҳиш кардааст, ки баррасии ин парвандаро зери нозарат бигиранд, то ки адолат барқарор гардад.
Фирдавс Акрамов, падари Ҷасури ғӯрамарг дар номааш навиштааст, ки гумонбаршаванда Юсуф Баҳрулло Юсуфзода қаблан суд шуда, барои дар ҳолати мастӣ мошин рондан аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум гашта буд, вале новобаста ба ин, боз сари чамбараки мошин нишаста, фарзанди вай Ҷасури 16-соларо, ки аз роҳ мегузашт, пахш намуд ва боиси марги фоҷиавии ӯ гашт. “Вай натанҳо қонунро вайрон кардааст, балки маро аз дидори писарам якумра маҳрум намуда, доғи абадии фироқи фарзандро дар дилам ниҳод”,- мегӯяд ин падари ҷигарсӯхта дар номааш.
Фирдавс Акрамов мехоҳад ин ҳодиса аз рӯйи қонун ва адолат дар суд баррасӣ шуда, гунаҳкор новобаста ба он ки аз кадом оила аст, ҷазои сазовор бигирад.
Ба гуфти падараш Ҷасур Акрамов орзу доштааст, ки дар оянда духтур шуда, дигаронро шифо бахшад, вале бар асари садамаи тақдирсӯз ҷони ҷавонашро аз даст дода, дар дили пайвандонаш доғи абадӣ ниҳод.