Пагоҳ, 20-уми июн бо сабаби баландшавии ҳарорати ҳаво дар минтақаҳои алоҳидаи доманакӯҳӣ ва кӯҳии вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва баъзе ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сар задани селҳои хусусияти маҳаллидошта аз эҳтимол дур нест.
Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, инчунин рӯзҳои 20-22-юми июн дар шаҳру ноҳияҳои ҷанубӣ ва марказии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе бо сабаби шиддатнокии вазиши шамол аз самти ҷанубу ғарб, дар баъзе ноҳияҳо бо суръати то 15-20 м/с, ки боиси хокбориш мегардад, баланд шудани ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ аз моддаҳои муаллақ, яъне чанг пешгӯӣ мешавад.