tobiston
ТОЛЕЪНОМАИ 10-УМИ ИЮНИ СОЛИ 2025
1533

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз муҳаббати шумо метавонад аз озмоишҳо гузарад, ба шарте ки ба рашк роҳ надиҳед. Хастагии тӯлонӣ имкон намедиҳад, ки ҳамаи корҳои хонагӣ анҷом ёбанд. Дар ҷои кор дар баъзе масъалаҳо гузашт кунед, вале манфиатҳои худро фаромӯш накунед. Дар масъалаҳои молӣ қатъӣ ва бомасъулият бошед. Имрӯз шумо худро озод ва дилпур ҳис мекунед, лаҳзаро истифода баред, то бо шахси дӯстдоштаатон мулоқот кунед.

Савр (21 апрел-21 май)

Бонувони ҷавон бояд ҳушёр бошанд, ҷозибаи онҳо диққати зиёди мардонро ҷалб мекунад. Барои пешгирӣ аз баҳс, шомро танҳо гузаронидан беҳтар аст. Дар рӯзҳои наздик имкони ҷалби таваҷҷуҳи роҳбарият зиёд аст, онро аз даст надиҳед! Ба ҳар гуна суханҳои носозгор гӯш надиҳед, дар нияти худ устувор бимонед. Имрӯз фурсати хубест барои ташхис ва табобат.

Ҷавзо (22 май-21 июн)

Аввал эҳсосоти худро дуруст дарк намоед, то муносибатҳои ошиқонаро вайрон накунед. Имкони асабонӣ шудани шумо аз сухани хешовандони калонсол вуҷуд дорад, ба ҳарфҳояшон аҳамияти зиёд надиҳед. Масъалаҳои ҷамъшуда ҳалталабанд, нерӯятонро ба корҳои ночиз сарф накунед. Бояд аниқ кунед, ки чӣ чиз садди даромади молии шумост. Ба дарди меъда таваҷҷуҳ диҳед.

Саратон (22 июн-22 июл)

Агар дар муносибати ошиқона бошед, имрӯз метавонед онро ба марҳилаи нав баред, вале шитоб накунед. Нофаҳмиҳо бо наздикон имконпазиранд, боэҳтиёт бошед. Дар кор шояд мукофот ё пешниҳоди мансаби нав гиред. Мушкилиҳои молӣ тадриҷан бартараф мешаванд. Барои фаъолияти ҷисмонӣ рӯз хеле мувофиқ аст.

Асад (23 июл-23 август)

Эҳтимол аст, ки бо наздикон баҳс сар занад, вале агар ором бошед, ҳама ба фоидаи шумо анҷом меёбад. Дар хона мушкилоти техникии ногаҳонӣ рух дода метавонанд. Кореро, ки анҷом медиҳед, маблағи хуб меёбед. Аз фикрҳои бад ва эҳсосоти манфӣ канорагирӣ намоед, агар ҷаҳонро торик мебинед, зиндагии худро тағйир диҳед.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Рӯз саршор аз лаҳзаҳои ошиқона хоҳад буд. Даъвати дӯстон ба чорабиние барои шумо шодиву фароғат меорад. Дар оила ҳамоҳангӣ муҳим аст, эҳтимол аст аз шумо маслиҳат хоҳанд. Дар касбу кор оромиву диққат зарур аст, нофаҳмиву ихтилоф имкон дорад, вале шумо бо эҳтиром мавқеи худро ҳимоя мекунед. Даромади иловагӣ дар назар аст, оқилона истифода намоед. Ба ғизои солим афзалият диҳед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Имрӯз корҳои рӯзмарра зиёд мешаванд, вале барои вохӯрӣ бо дӯстон вақт меёбед. Ба шиноси наватон сирҳои шахсии худро нагӯед, шояд пушаймон шавед. Барои нигоҳ доштани оромии равонӣ, эҳсосоти худро зери назорат гиред. Дар кор созишномаҳо фоида меоранд. Имрӯз фурсати хубест барои истироҳат дар табиат ё берун аз шаҳр.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Онҳое, ки дар ҷустуҷӯи муҳаббатанд, имрӯз бояд ба намуди зоҳирии худ таваҷҷуҳ кунанд, ин дигаргунӣ рӯҳбаландкунанда мешавад. Ташнаи муҳаббатед, вале корҳои хонагӣ вақтатонро мегиранд. Аз хароҷоти беҳуда худдорӣ намоед, пулро захира кунед. Дар масъалаҳои молӣ эҳтиёткор бошед. Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ эҳтиёт кунед, эҳтимоли дуздӣ вуҷуд дорад. Субҳ эҳтимоли сардард ҳаст, беҳтар аст бе дору истироҳат кунед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Рӯзи муносиб барои барқарор кардани робитаҳост. Ин рӯз барои идеяҳои эҷодӣ хеле хуб аст. Дар хона каме тағйирот лозим, хонаву дари худро таъмир ё тоза кунед. Аз кори ҳозираи худ дилгир шудаед? Шояд вақти тағйирот расидааст. Бо дидани молу ашёи зебо дарҳол харид накунед, вагарна пули зиёдро аз даст дода, пушаймон мешавед. Ба варзиш бештар таваҷҷуҳ намоед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Онҳое, ки нав шинос шудаанд, бояд шитоб накунанд, барои муносибати ҷиддӣ вақт лозим аст. Шумо барои ба боварии дӯстдоштаатон даромадан, заҳмат кашидед ва акнун натиҷаро мебинед. Роҳбарият метавонад аз шумо талаботи бештар намояд, ин нишонаи эҳтимолии пешрафти касбист. Имрӯз хоҳиши пул харҷ кардан зиёд мешавад, вале сарфакор бошед. Аз маҳсулоти равғанин парҳез намоед.

Далв (21 январ-20 феврал)

Садои қалбатон шуморо ба роҳи дуруст мебарад. Агар хоҳиши мулоқот ё иҷрои кореро надошта бошед, худро маҷбур накунед. Имрӯз тағйироти ҷиддӣ нест, вале беҳтар аст аз баҳсҳо дурӣ ҷӯед. Меҳнати шумо натиҷа медиҳад, заҳмат бармегардад. Аз харҷҳои ғайринақшавӣ худдорӣ намоед. Варзишро тадриҷан ба реҷаи рӯзона ворид кунед, камҳаракатӣ душмани ҷиддист!

Ҳут (21 феврал-20 март)

Имрӯз нафарони танҳо бояд фаъол бошанд, шиносоии нав метавонад рӯй диҳад. Оиладорҳо метавонанд дар бораи сафар ё хариди калон маслиҳат кунанд. Аз шиносоии тасодуфӣ худдорӣ намоед, эҳтимоли ноумедӣ ҳаст. Шумо кунҷкоб мешавед, вале на ҳама метавонанд фикри худро дуруст баён кунанд. Ҳар иқдоме барои нигоҳубини саломатӣ, масалан, маҳс ё нигоҳубини зоҳир, имрӯз натиҷаи хуб медиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД